Саидмурод Давлатов: Одам бояд тайёрхӯр нашавад!
Имрӯз масъалаи даромад ёфтану идора кардани пул барои ҳар шахс, новобаста аз синну сол муҳимтар шудааст. Коршиносони молиявӣ таъкид мекунанд, ки пул худ аз худ инсонро сарватманд намекунад, балки маҳорати дуруст истифода бурдани он аст, ки сарват меофарад. Бисёр шахсони муваффақ, аз ҷумла соҳибкорон ва тренерони молиявӣ, бар онанд, ки фақат кор кардан кофӣ нест. Шахс бояд донад: чӣ гуна пулро ба даст орад, чӣ гуна онро нигоҳ дорад ва чӣ гуна онро афзоиш диҳад.
Омӯзиши молиявӣ зарур аст!
Мутахассисони соҳаи молия таъкид ба он мекунанд, ки мушкилоти аксари одамон аз камбуди донишҳои молиявӣ бармеояд, на аз камии даромад. Бе маълумоти молиявӣ пули бадастомада зуд масраф мешавад. Ҳар гуна ноустувории иқтисодӣ ба буҷаи оила таъсири ҷиддӣ мерасонад. Таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, ки одамоне маърифати молиявӣ доранд, се баробар бештар имконияти рушди даромад ва чанд баробар камтар хавфи қарздоршавӣ доранд.
Ба андешаи коршиносон, пулро танҳо донишу малака ҳифз мекунад. Бисёре аз соҳибкорони маъруф, аз ҷумла тренери молиявӣ Саидмурод Давлатов бар онанд, ки: “Агар инсон малакаи истифодаи пулро надошта бошад, ҳар қадар маблағ диҳӣ, он аз даст меравад. Одам набояд тайёрхӯр бошад”.
Ин андеша дар ҷаҳони молия низ қабул шудааст. Пул дар дасти шахсе, ки малака надорад, дер намемонад. Мутахассисон мегӯянд, ки сабаби асосии барбод рафтани дороии бисёр оилаҳо ин аст, ки фарзандон малакаи идоракунии пулро намедонанд. Мерос бе саводнокии молиявӣ боиси пайдо шудани ихтилоф ва талаф мешавад. Аз ин рӯ, шахсони сарватманд бештар ба омӯзиш такя мекунанд, на ба худи пул.
Чанд қоидаи муҳим
Аксари шумо мепурсед, ки сарватмандон барои ҳифзи дороии худ чӣ кор мекунанд? Коршиносони молиявӣ чанд қоидаи муҳимро ном мебаранд, ки аксари соҳибкорони муваффақ онро риоя мекунанд.
Якум, таълими молиявии фарзандон аз синни хурдӣ. Ба кӯдакон чӣ гуна ба даст овардани пул, чӣ гуна пасандозу хароҷот карданро меомӯзанд. Ҳадафи ҳамаи ин ба онҳо масъулият ва мустақилият додан аст.
Дуюм, ҷудо кардани буҷет ва назорати хароҷот. Хароҷоти пул бояд нақша дошта бошад.
Сеюм, сармоягузории дуруст. Коршиносон мегӯянд, ки сарватмандон пулро танҳо нигоҳ намедоранд, онҳо онро ба кор медароранд. Онҳо маблағро дар ҷойҳои гуногун мегузоранд. Масалан, хариди амволи ғайриманқул, саҳмияҳо, тиҷорат, лоиҳаҳои даромадовар. Ин раванд диверсификатсия ном дорад, яъне паҳн кардани хавф.
Чорум, ҳуҷҷатгузории ҳуқуқӣ ва тартиботи мерос. Барои он ки дороӣ баъд аз марг барбод наравад, соҳибкорон васиятнома тартиб медиҳанд. Фонди оилавӣ, ширкати оилавӣ месозанд ва дороиро байни аъзоёни оила мувофиқа мекунанд.
Панҷум, мероси асосӣ дониш аст, на маблағ. Мутахассисони молиявӣ таъкид мекунанд, пуле, ки бо донишу малака ҳамроҳ нест, умри кӯтоҳ дорад.
Тавре соҳибкори муваффақ Саидмурод Давлатов мегӯяд:
“Одам набояд тайёрхӯр шавад”. Ин маънои онро дорад, ки ҳар кас бояд роҳҳои ба даст овардану нигоҳ доштан ва афзоиши пулро худ омӯзад. Ҳамин тавр, чанд қоидае, ки номбар шуд, на танҳо ба зиндагии имрӯз, балки ба ояндаи фарзандон низ таъсири мусбат мерасонанд.
Усмон Раҳимзода
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ