Сармоягузории беш аз $1,17 млрд барои сохтмон ва таҷдиди роҳҳо дар Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон айни замон сохтмон ва таъмиру таҷдиди роҳҳои мошингард дар доираи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба маблағи умумии 1,17 миллиард доллар идома дорад. Дар ин бора Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ дод.
Ба маълумоти манбаъ, 5 лоиҳа ба маблағи 570,9 миллион сомонӣ дар марҳилаи татбиқ қарор дошта, 6 лоиҳа ба арзиши 602,2 миллион доллар анҷом ёфта, ҳоло дар муҳлати кафолатӣ қарор доранд.
Соли 2025 оғози сохтмони роҳҳои Душанбе–Гулистон (49 км), Гулистон–Фархор (29,6 км) ва ҳамчунин идомаи корҳои таъмиру навсозии қитъаи сеюми роҳи Обигарм–Нуробод дар назар аст.
Тибқи иттилои вазорат, танҳо соли гузашта 243,5 километр роҳ, 30 пул, 5 нақб ва 6 долони зиддитарма сохта, ба истифода дода шуданд. Ба гуфтаи манбаъ, моҳи июн дар ВМКБ як қатор иншооти муҳими нақлиётӣ, аз ҷумла қитъаи 93-километраи роҳи Душанбе–Қулма, роҳ аз маркази ноҳияи Ванҷ то шоҳроҳи мазкур (16 км), инчунин пулҳо ва долонҳои зиддитарма мавриди истифода қарор гирифтанд.
Ҳамчунин, моҳи август дар водии Рашт қитъаи 75-километраи роҳи Обигарм–Нуробод бо 3 нақб ва 11 пул ба истифода дода шуд. Моҳи ноябр дар вилояти Суғд қитъаҳои роҳҳои “Деҳмой–Бобоҷон Ғафуров”, “Бобоҷон Ғафуров–Хистеварз” ва “Куччак–Конибодом” бо дарозии умумии 40 километр мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Вазорати нақлиёт таъкид мекунад, ки раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар аст. Ба иттилои ин ниҳод, дар давраи соҳибистиқлолӣ 2407,8 километр роҳ, 274 пул, 7 нақб, 2 чорраҳаи сесатҳа ва 2 дусатҳа таъмиру навсозӣ шудаанд.
Дар маҷмӯъ, дар ин давра дар бахши нақлиёт 58 лоиҳа ба маблағи беш аз 2,2 миллиард доллар амалӣ гардидааст.
📱 Pressa.tj
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ