Сармураббии дастаи “Хуҷанд” иваз шуд

 Раҷаб Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва раиси Федератсияи футбол сармураббии нави дастаи футболи “Хуҷанд”-ро ба ҳузур пазируфтанд.

Сармураббии нави дастаи “Хуҷанд” аз Ҷумҳурии Сербия Милан Миланович мебошад.

 Миланович соҳиби ҷоизаҳои баландтарин дараҷаи мураббигӣ – “UEFA Pro” дорад.  Ӯ дар кишварҳои Сербия, Руминия ва Қазоқистон ба ҳайси сармураббӣ фаъолият кардааст.

Дар мулоқот тарфҳо масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи бозии даста, беҳтар намудани нишондиҳандаҳои варзишӣ, ҷалби бозигарони ботаҷриба ва тарбияи футболбозони ҷавон мавриди баррасӣ қарор додаанд.

Бояд қайд кард, ки Милан Миланович дар мақоми мураббигии тими “Хуҷанд”- Александр Крестининро иваз намуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *