Шаҳноза: Шавҳарам маҷбур дорад, ки фарзандамро ба ятимхона супорам (видео)

Шаҳноза Холоваи 31-сола, сокини шаҳри Душанбе ба идораи сомонаи Pressa.tj омад ва  аз болои шавҳараш шикоят кард. Ӯ мегӯяд, ки  шавҳараш мехоҳад духтари калонӣ, Оминаи 6-соларо ба  ятимхона  супораду аз баҳраш гузарад.  Ҳоло Шаҳноза аз ин рафтору кирдори шавҳараш маҷбур шудааст, ки аз ӯ ҷудо шавад ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбати ҳамасараш чораҳои ҳуқуқӣ бинанд. Номаи Шаҳноза Холова пешниҳоди хонандагон мегардад:

 Сағерадухтари бадбахт

Вақте дар батни модар будам, падарам моро тарк намуд. Сабаби ҷудошавии волидонам фавти 10 фарзанд будааст. Ман дар хонаи бобоям таваллуд шудаму баъдан падарам ба суроғи мо омад, аммо бобоям ману модарамро иҷозаи рафтан намедиҳад. Модарамро бо як мӯйсафед оиладор менамоянд ва бо ҳамин, дар хонаи падарандар ба воя расидам. Баъди хатми мактаб ба як хеши модарам ба шавҳар баромадам.

“Арӯси камбағал, ҳеҷ чиз наовардӣ!

Бо сабаби он, ки сағерадухтар будаму барои харидани мебел ва тахту рахти қимат имконият надоштем, тӯли 6 моҳи зиндагӣ дар хонаи шавҳарам, рӯз надидам. “Ту мебели қимат наовардӣ, ту ину он наовардӣ” гуфта, наздикони шавҳарам азобам медоданд. “Ту ҳатто фарзанд таваллуд карда наметавонӣ” мегуфтанд, дашному таҳқирам мекарданд. Баъди ин ҳама озору таҳқир шавҳарам ҷавобамро дод ва боз ба хонаи падарандарам, назди  модарам омадам.

Бахти дуввум

Се соли дигар дар хонаи падарандар зиста, азобу шиканҷаи зиёдеро аз сар гузаронидам. Билохира, тасмим гирифтам, ки оила барпо намуда, соҳиби фарзанд мешавам, то умри ҷавонам беҳуда нагузарад. Дар хонаи падари ӯгай зиндагӣ кардан осон нест, барои аз хонаи падарандар нон хӯрдан дандони оҳанин лозим аст. Ҳамин тавр, ба як марди бегона ба шавҳар баромадам, аммо…

«Духтарат бачаи гурба»

Дар аввал зиндагиям хуб буд, ягон мушкилӣ надоштем. Бо амри тақдир соҳиби духтарчаи дӯстрӯяке шуда, номашро Омина гузоштем. Вале аз рӯзи таваллуди ин кӯдаки биҳиштӣ падараш ӯро дӯст надошт. Чун вазъи саломатии худам бад буд ва Оминаи хурдсол майдаҳаку лоғар менамуд, оилаи шавҳарам кӯдакро ба «бачаи гурба» баробар мекарданд. Наздикони шавҳарам Оминаро чашми дидан надоштанд. Падараш ҳатто кӯдакамонро дар гаҳвора мезаду хуни бинӣ мекард. Оминаро ба сари дастархон барои хӯрокхӯрӣ иҷозат намедод, шарт монда буд, ки агар ин кӯдак ба дастурхон наздик шавад, ман чизе намехӯрам. Чӣ сухане, ки аз даҳонаш мебаромад, мегуфт. Боре фикр намекард, ки ин фарзанд аз хуни ӯст, барои вай бегона нест. “Ситораат ба ман маъқул нест, ту ҷин дорӣ, аз назарам гум шав, туро набинам” мегуфт. Кор ба ҳадде расид, ки ба даст корд гирифта, Оминаро куштанӣ шуд.

Ҷои рафтан надорам

Баъди он ки ба хонаи модарам омадам, дар ин ҷо ҳам аз лаззати зиндагӣ бебаҳра мондам. Додарам ҳамроҳи ҳамсару се фарзандаш зиндагӣ дорад. Янгаам маро бо ду духтари хурдсолам роҳ намедиҳад. Мегӯяд, ки агар инҳоро падарашон дар хона роҳ надода бошад, ман чӣ хел қабулашон кунам, боз як нонхӯри зиёдатӣ ба ман чӣ даркор? Намехоҳам бо ду духтарам сарбори додарам бошаму боиси пароканда гардидани оилааш гардам.

Дар нимароҳи зиндагӣ

Имрӯз дар чорсӯи зиндагӣ зору ҳайрон мондаам. Аз як тараф намехоҳам, ки оилаи додарам аз пушти ман вайрон шавад, аз тарафи дигар, шавҳарам иддао дорад, ки Оминаро ба ятимхона бурда партояд. Чӣ хел ман духтари 6-солаамро бо ду дасти адаб ба ятимхона бурда мегузорам? Духтари дигарам Ҳабиба 4-сола аст. Ман модарам, зиндаам, дасту пойи равон дорам. Наметавонам, ки ҷигарбанди худро ба сағерахона бурда, аз баҳраш гузарам. Намедонам, ки ба куҷо раваму чӣ кор кунам. Маълумоти олӣ ҳам надорам, ки ба ягон ҷо ба кор дароям, то як бурида нон барои фарзандонам пайдо намоям. Ба хонаи шавҳарам рафта наметавонам, зеро аз тақдири фарзандам хавотир ҳастам.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *