Шакарханд аз Холиқназар Ҷумъазода

Қадри зан

— Арзиши занҳо ин қадар баланд аст, ки қалин сол ба сол боло меравад?,- пурсид зангире аз Мундонӣ.

Мундонии пуртаҷриба гуфт:

— Арзиши воқеии занро вақти оиладоршавӣ на, балки вақти ҷудошавӣ мефаҳмӣ.

— Чӣ хел?,- ҳайратзада пурсид он нафар.

Мундонӣ бо табассум гуфт:

— Вақте мефаҳмӣ, ки нисфи дороиҳои ту низ аз ӯ будааст.

Дард меҳмони хира

Мундонӣ ба аёдати дӯсте рафт, ки чанде пеш бемор шуда буд. Аз субҳ то шом паҳлуяш нишаста, аз даврони ҷавонӣ то имрӯзро ёд карда, дилбародирикунон гуфт:

— Он қадар дилозурда нашав. Дард меҳмон мегӯянд. Меояду меравад.

— Ин меҳмони мегуфтаат аз ту ҳам хиратар будааст. Нияти рафтан надорад,- посух дод бемор.

Дузди доно

Мундонӣ аз маҳбусе, ки бо ҷурми дуздӣ нишаста, озод шуд, пурсид:

— Чӣ дуздидӣ, ки 3 сол пушти панҷара рафтӣ?

— Нодон будаам, нодон, ҳазратам. Ҳамагӣ як телефон дуздида, 3 сол нишастам,- гуфт ва илова кард,- лекин аз маҳбас доно шуда баромадам, доно.

— Эҳе, ин дуздӣ ҳам доногиву нодонӣ дорад?,- бо кунҷковӣ суол кард Мундонӣ.

Ӯ посух дод:

— Бале, дузди беақл мисли ман фақат ин ё он ашёро аз дӯкон медуздад ва пушти панҷара меравад. Дузди доно тамоми дӯконро аз худ мекунад, вале дастгир намешавад.

Зӯри наҳанг ҳам намерасад

Дар маҳфиле хеле шӯхиҳо кардем. Баъд аз маҳфил Зоҳиршо ба ман муроҷиат карда, гуфт:

— Акоҷун, дурӯғ зиёд гуфтеду гуноҳ содир кардед. Акнун як кило моҳибирён харед, якҷоя хӯрем, гуноҳҳоятон пок шавад.

Мундонӣ, ки он ҷо буд, гуфт:

— Гуноҳҳои ҳазратам он қадар зиёд шуда, ки дигар наҳанг хӯранд ҳам, пок намешаванд.

Баъд мебинӣ…

Ҷавони зангире аз Мундонӣ пурсид:

— Рост аст, ки солҳои пеш домод чеҳраи арӯсро баъди ба хона овардан медид?

— Дар ҳар давру замон чунин,- гуфт Мундонӣ.- Ҳоло ту ҳам чеҳраи воқеии арӯсро баъди чанд рўзи ба хона омаданаш мебинӣ.

Холиқназар ҶУМЪАЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *