Шартномаи Лоиқ Раҷабов бо UFC
Лоиқ Раҷабов — варзишгари маъруфи тоҷик оид ба муҳорибаҳои омехта расман ба ташкилоти UFC шартнома баст.
Хабари шартномаи Лоиқ Раҷабов бо UFC-ро расонаҳои хориҷӣ тасдиқ кардаанд ва ҳоло расман ташкилоти мазкур эълон накардааст.
Вале хабар дода мешавад, ки варзишгари тоҷик дар доираи мусобиқаи UFC 285 шоми 5-уми март бо варзишгари аргентинӣ Эстебан Рибович ба майдон мебарояд.
Ёдовар мешавем, ки рақиби Лоиқ 11 набард дошта, дар ҳамааш ғолиб омадааст.
Шарҳ