Шинос шавед: Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори нави ДДОТ ба номи С. Айнӣ кист?

Аҳлиддин Ибодулллозода, ки 10 июн ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таъин гардид, 38 сол доштааст.  Ӯ то ин муддат дар вазифаи директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон фаъолият  мекард.

Номбурда соли 2007 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айниро бо ихтисоси муаллими таърих ва ҳуқуқ хатм намуда, дорои унвони  доктори илмҳои таърих мебошад.

Тавре аз тарҷумаи ҳоли Аҳлиддин Ибодулллозода бармеояд, ӯ донандаи забонҳои хориҷӣ: русӣ ва англисӣ аст.

Баъди хатми донишгоҳ чанд муддат дар кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқи факултети таърихи ДДОТ ба номи С. Айнӣ ва баъдан, мутахассиси раёсати илм ва навоварии техникӣ ва ҳамзамон, дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият доштааст.

Сипас, муовини директории Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, сардори раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, сармутахассис ва мудири бахши маориф ва илми раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ниҳоят директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои фазифа намудааст.

Барои хизматҳояш бо нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон», «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон», медали ҷашнии «25-солагии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бо ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника дар соли 2018 қадрдонӣ гардидааст.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд мебошад.

Ёдовар мешавем, ки дар идомаи тағйироти кадрии 10 июн  ректорони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Кӯлоб аз мақомҳояшон барканор шудаанд. Дар шарҳи барканории ду ректор — Нӯъмонҷон Ғаффорӣ ва Абдусалом Мирализода  дар қарори Раиси Ҳукумати Тоҷикистон омадааст, ки «бо сабаби ба кори дигар гузаштан» озод карда шуданд. 

Гуфта нашудааст, ки Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмон аз мақоми ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Мирализода Абдусалом Мустафо аз мансаби ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ озод ва ба кадом мақом таъин шудаанд. 

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.