Синамогарони тоҷик ва эронӣ филми муштарак ба навор мегиранд

Синамогарони тоҷик ав эронӣ тасмим гирифтаанд, ки як филми нави муштаракро ба навор гиранд. Ин масъала зимни мулоқоти директори МД “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён бо синамогарони Эрон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Филми наве, ки “Тоҷикфилм” дар ҳамкорӣ бо ширкати синамоии “Itoksima”-и Эрон ба навор гирифтанист, “Калом дар роҳ” ном дорад. Филмноманависи “Itoksima” Муҳаммадризо Гавҳарӣ наворбардории филми муштаракро оғози як саҳифаи нав ва самаровар дар равобити фарҳангӣ ва синамоии Эрон ва Тоҷикистон номидааст.

Ҳамзамон, ҷонибҳо дар масъалаи таҳияи филмҳои ҳунарӣ ва таърихии муштарак дар бораи чеҳраҳои намоёни адабиёт ва фарҳанги Шарқ, аз қабили Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хисрав ва дигарон ибрози назар намудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *