Солеҳа Холмаҳмадзода: Тафтиши куштори навраси тоҷик дар Маскав зери назорат аст

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода гуфт, ки ҷараёни тафтиши куштори Қобилҷон Алиев, навраси 10-солаи тоҷик дар вилояти Маскав зери назорати намояндагии ин ниҳод дар Русия қарор дорад.

Вазир 3-юми феврал дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки аҳли оилаи навраси кушташуда вакили дифоъ гирифтааст ва корҳои тафтишотӣ идома доранд. Ба гуфтаи ӯ, намояндагии Вазорат дар Русия аз ҷараёни тафтишот бохабар аст, ҳарчанд мақомоти тоҷик наметавонанд мустақим дахолат кунанд.

«Намояндагии мо дар Русия дар ҷараёни корҳои тафтишотӣ қарор дорад. Мо дахолат карда наметавонем, аммо назорат мекунем»,-гуфт Холмаҳмадзода.

Вазир қазияи куштори наврасро ҳодисаи бисёр нохуш номида, таъкид кард, ки аз рӯзҳои аввали ҳодиса намояндагии Вазорат, Сафорат ва Консулгарии Тоҷикистон дар Маскав ба модари Қобилҷон кӯмак расонида, дар бозгашти ӯ ба Тоҷикистон мусоидат карданд. Ба гуфтаи ӯ, бо оилаи қурбонӣ дар тамос ҳастанд ва пешниҳодҳо оид ба дастгирии иҷтимоӣ низ ироа шудаанд. Ҳамчунин гуфта шуд, ки фарзанди хурдии модари Қобилҷон айни ҳол дар мактаби президентӣ таҳсил мекунад.

Ёдовар мешавем, Қобилҷон Алиеви 10-сола рӯзи 16 декабр дар натиҷаи ҳамлаи як навраси рус дар мактабе дар ноҳияи Одинсовои вилояти Маскав кушта шуд. Ҷасади ӯ рӯзи 18 декабр дар ноҳияи Шаҳринав ба хок супурда шуд. Додгоҳи Русия гумонбарро ба муҳлати ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифт.

📱 Pressa.tj

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *