Суғд: 12 нафар ба хотири насупоридани алимент аз озодӣ маҳрум шуданд
Дар вилояти Суғд давоми шаш моҳи аввали соли 2025-ум 12 нафар шаҳрванд бо сабаби саркашӣ аз пардохти маблағи алимент аз озодӣ маҳрум гардидаанд. Дар ин бора Шерзод Ҳасанзода, сардори Раёсати Хадамоти иҷро дар вилояти Суғд зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Тибқи иттилои расмӣ, дар ин давра дар маҷмӯъ нисбат ба 126 нафар алиментсупоранда, ки ба иҷрои уҳдадориҳои худ сарпечӣ кардаанд, аз ҷониби иҷрочиёни Хадамоти иҷро пешниҳодҳо ба мақомоти прокуратура ирсол гардидааст. Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо 26 ҳолат зиёд мебошад.
Аз шумораи умумии пешниҳодҳо:
- 68 адад қонеъ гардидаанд;
- 12 нафар аз озодӣ маҳрум;
- 52 нафар ба корҳои ислоҳӣ ҷалб шудаанд;
- 4 ҳолат бо ҷарима анҷом ёфтааст;
- 12 пешниҳоди дигар рад гардида;
- 46 парванда ҳанӯз дар баррасӣ қарор доранд.
Ҳамзамон, нисбати 44 нафар қарздор қарор дар бораи кофтуков қабул гардида, маводҳо барои иҷро ба мақомоти милитсия дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ирсол шудаанд.
Ғайр аз ин, дар ҳамин муддат 381 нафар қарздор тибқи моддаи 47 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷрои ҳуҷҷатҳои судӣ ва ҳуҷҷатҳои дигар» ҳангоми кӯшиши убури сарҳади давлатӣ боздошт гардидаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ