Тағйироти кадрӣ,Шодихони Ҷамшед вазифаи нав гирифт

Шодихон Ҷамшед, собиқ раиси вилояти Бадахшон, мақоми нав гирифтааст. Дафтари матбуоти президент мегӯяд, Шодихон Ҷамшед бо фармони президент ба вазифаи муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъйин шуд.

Ба қавли манбаъ, бо фармонҳои дигари Эмомалӣ Раҳмон раисони ноҳияҳои Рӯдакӣ, Тоҷикобод, Данғара, Ховалинг ва ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе иваз шуданд.Ҳамин тавр Муҳаммадраҳим Юсуфӣ, раиси ноҳияи Фирдавсӣ, Рустам Акрамзода, раиси ноҳияи Рӯдакӣ, Ҳамидулло Маҳмадшозода, раиси ноҳияи Тоҷикобод, Исломиддин Хайриддин, раиси ноҳияи Данғара ва Парвиз Акрамзода, раиси ноҳияи Ховалинг таъйин шуданд.Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, Ҷамшед Табарзода, бо қарори ҳукумат минбаъд дар вазифаи директори КВД «Хоҷагии манзилию комуналӣ» кор мекунад. Алимурод Исломзода, раиси пешини ин корхонарӯзи 6-уми ноябр дар синни 63-солагӣ даргузашт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *