Табиби маъруф Садриддиншоҳ Ҷалолиён даргузашт
Табиби шинохтаи мардумӣ Садриншоҳ Ҷалолиён аз олам даргузашт. Ӯ 84 сол дошт ва асосан ба гиёҳдармонӣ машғул буд.
Дар ин бора ба Pressa.tj пайвандони марҳум хабар доданд.
Садриншоҳ Ҷалолиён ҳамчун табиби мардумӣ миёни мардум шуҳрати хос пайдо карда, бо истифода аз гиёҳҳои шифобахш ба мардум хизмат мерасонд. Бисёриҳо ӯро ҳамчун шахси хоксор ва ғамхор ёд мекунанд.
Маросими ҷанозаи марҳум имрӯз, 26-уми декабр, соати 11:00 дар кӯчаи Чашмасор (наздики Боғи устод Айнӣ) баргузор мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ