Наврӯзи Ҷумъамурод

Таъйини сухангӯйи нави Вазорати маориф ва илм. Наврӯзи Ҷумъамурод кист?

Наврӯзи Ҷумъамуроди Абдул котиби нави матбуотии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон таъйин гардидааст.

Бино ба иттилои Вазорати маориф ва илми кишвар, Наврӯзи Ҷумъамуроди Абдули 26-сола зодаи ноҳияи Ховалинг буда, хатмкардаи факултаи забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли 2018 ва аспирантураи Пажуҳишгоҳи адабии Максим Горкийи Русия дар соли 2021 мебошад.

Номбурда то замони таъйин шудан ба ин симат мутахассиси пешбари Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми кишвар будааст.

Наврӯзи Ҷумъамуроди Абдул фаъолияти худро ҳамчун муҳаррири техникии маҷаллаи «Хорпуштак» ва муҳаррири бахши фанҳои ҷамъиятӣ — гуманитарии нашрияи кӯдакон ва наврасон «Пайрав» дар солҳои 2017-2018 шуруъ кардааст.

Соли 2021 рисолаи номзадияшро дар мавзӯи «Таъсири адабиёти Аврупо ба шеъри асри XX Эрон дар мисоли осори Нимо Юшиҷ» дифоъ намуда, соҳиби дараҷаи номзади илми филология гардидааст.

Гуфта мешавад, ки сухангӯйи нави Вазорати маориф ва илм донандаи забонҳои русӣ, инглисӣ, чинӣ ва форсӣ буда, дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз фанни забони англисӣ дарс мегӯяд.

Ҳамчунин, Наврӯзи Ҷумъамурод муаллифи асарҳои назмӣ буда, майл ба эҷоди шеъру тарона дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *