Таркиши пурқурбонӣ дар назди Сафорати Русия (аудио)

Дар назди Сафорати Русия дар шаҳри Кобул таркиш рух додааст, ки дар натиҷа наздики 20 нафар ҳалок ва захмӣ шудаанд. Ҳодиса имрӯз, 5-уми сентябр, тахминан соатҳои 11 рух додааст.

Рӯзномаи «8-и субҳ»-и Афғонистон менависад, ки “бештари кушта ва захмишудагон донишҷӯён мебошанд, ки барои дарёфти виза ба бахши консулгарии сафорати Русия дар Кобул омада буданд”.

Манобеи рӯзнома таъйид кардаанд, ки “ҳадафи аслии таркиш бахши консулии сафорати Русия дар Кобул” будааст. Ҳамчунин, дар пайи таркиш як дипломат ва як посбони сафорати Русия маҷруҳ шудаанд.

Гуфта мешавад, ки ин дуюмин таркиши пурқурбонӣ давоми ҳафта аст. Рӯзи ҷумъа, 2-юми сентябр, дар масҷиди шаҳри Ҳирот таркиши шадид ба амал омад, ки дар натиҷа руҳонии ҷанҷолӣ Муҷибурраҳмон Ансорӣ ва чанде аз наздикони ӯ ба ҳалокат расиданд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.