Ташхис ва табобати сил бо кумаки зеҳни сунъӣ ва технологияҳои муосир
Сил яке аз бемориҳои сироятии дар саросари олам паҳнгашта ба шумор меравад. Тибқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) дар соли 2024 дар ҷаҳон 10,7 миллион нафар ба бемории сил гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора 1,2 миллионашонро кӯдакон ташкил медиҳанд. 1,23 миллион нафар аз бемории мазкур фавтидаанд, ки аз ин шумора 150 000 нафарашон гирифторони ВНМО мебошанд. Омори гирифторшавӣ ба сил дар саросари ҷаҳон 3 фоиз кам шудааст.
Сил аз чӣ пайдо мешавад?
Барангезандаи сил микроби чӯбчашакли “Кох” мебошад. Роберт Кох барангезандаи бемории сил – Mycobacterium tuberculosis (Bacillus Koch)-ро муайян карда, 24-уми марти соли 1882 зимни суханронии хеш дар Ҷамъияти физиологони Берлин дар ин бора хабар дода буд. Сил бо роҳи қатрагӣ-ҳавоӣ аз шахси бемор ба одамони солими гирду атроф гузашта метавонад. Бемороне, ки балғам хориҷ мекунанд, манбаи асосии сироят ба ҳисоб мераванд. Тавре табибон мегӯянд, як бемори балғамхориҷкунанда метавонад то 10-15 нафарро сироят намояд. Шахсони иммунитеташон паст, аз ҷумла гирифторони гепатит, ВИЧ-СПИД ва касалии қанд ба осонӣ аз сил сироят ёфта метавонанд, чунки системаи муҳофизатии организмашон заифтар аст.
Пешгирии бемории сил аз рӯзҳои аввали ҳаёт
Бо мақсади пешгирии бемории сил ба кӯдакони навзод дар рӯзҳои аввали ҳаёташон дар таваллудхонаҳо ваксина гузаронида мешавад, то ҷисмашон иммунитет пайдо карда, ба муқобили ин беморӣ мубориза бурда тавонад. Дар баъзе кишварҳо ҳамчун тадбири иловагӣ дар синни 7-14-солагӣ “реваксинатсия” гузаронида мешавад.
Нишонаи асосии бемории сил
Нишонаи асосии бемории сил – ин сулфаи дарозмуддати балғамдор мебошад, ки беш аз ду-се ҳафта давом карда, ҳатто бо гирифтани антибиотикҳо низ гум намешавад. Бемор худро заиф ва камқувват ҳис мекунад ва дар муддати кӯтоҳ вазнашро партофта, лоғар мешавад. Иштиҳо гум шуда, мариз шабона бисёр арақ мекунад. Дар баъзе ҳолатҳо таби бемор баланд шуда, ҳангоми иҷрои корҳои ҷисмонӣ эҳсоси нафастангӣ пайдо мешавад.
Бо мушоҳида намудани нишонаҳои дар боло зикршуда ҳатман ба табиби оилавӣ ё силшинос муроҷиат кардан лозим аст.
Тоҷикистон ба муқобили сил фаъолона мубориза мебарад
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муқобили бемории сил фаъолона мубориза мебарад. Масъалаи дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ ба Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ворид карда шудааст.
Соли 2024 вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар нишасти кишварҳои узви СММ оид ба бемории сил иштирок намуда, зимни суханронии хеш изҳор доштанд, ки бо мақсади баланд бардоштани самаранокӣ ва ташхиси дақиқи сил ба кишвар технологияҳои гуногуни инноватсионӣ ворид карда шуда, ба таври васеъ истифода бурда мешаванд. Туфайли ин тадбирҳои судбахш гирифторӣ ба бемории сил ва ҳодисаҳои фавт аз он дар Тоҷикистон солҳои охир ба таври назаррас коҳиш ёфтааст.
Нишондоди гирифторшавӣ ба бемории сил ба 100 ҳазор аҳолӣ
Нишондоди гирифторшавӣ ба бемории сил ба 100 ҳазор аҳолӣ дар ҷумҳурӣ дар муқоиса бо солҳои 2007-2025 аз паст шудани шиддати бемории мазкур гувоҳӣ медиҳад. Агар дар соли 2007 нишондод 85,1-ро ташкил карда бошад, пас дар соли 2025 ба 36,1 расидааст.
Дар пойтахти кишварамон – шаҳри Душанбе дар соли 2007 нишондоди гирифторшавӣ ба бемории сил 112 буда, дар соли 2025 то 29,7 коҳиш ёфтааст.
Дар ВМКБ соли 2007 нишондоди гирифторшавӣ ба бемории сил ба 100 ҳазор аҳолӣ 78,9-ро ташкил менамуд ва дар соли 2025 то ба 75,6 коҳиш ёфтааст.
Дар вилояти Суғд соли 2007 нишондоди гирифторшавӣ ба бемории сил 49,2 буда, дар соли 2025 то 26,3 расидааст.
Дар Хатлон соли 2007 ин нишондод 104 буда, дар соли 2025 то 42,2 кам шудааст.
Истифодаи зеҳни сунъӣ дар ташхиси сил
Тавре Маҳмадов Абдулло Ҳомидович, муовини директори “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил” зимни суҳбат бо мо гуфтанд, бо шарофати пешравии иқтисодиёти кишвар, баланд бардоштани сатҳи маишии зиндагии мардум ва беҳтар гаштани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ солҳои охир Тоҷикистон дар самти мубориза бо сил ба дастовардҳои назаррас ноил гаштаааст. Барои ташхиси дақиқи сил аз технологияҳои инноватсионӣ, аз қабили таҷҳизоти муосири сайёри рентгенӣ бо зеҳни сунъӣ ва технологияи GeneXpert истифода бурда мешавад.

“Айни замон 78 таҷҳизоти GeneXpert ва 34 адад дастгоҳҳои портативӣ бо зеҳни сунъӣ дорем. Бо истифода аз таҷҳизоти мазкур натанҳо дар маркази шаҳру вилоятҳо, балки дар минтақаҳои кӯҳӣ низ аҳолии деҳоти дурдаст ва чӯпонҳо аз ташхис гузаронида мешаванд ва ҳолатҳои гирифторӣ ба бемории сил сари вақт ошкор карда шуда, маризон ба табобат фаро гирифта мешаванд”,- гуфт Абдулло Маҳмадов.
Дар идомаи суҳбат мусоҳибамон афзуд, ки дар табобати маризон аз 2 реҷа истифода бурда мешавад: реҷаи табобати сили ҳассос ва реҷаи табобати шакли устувори сил.
Доруҳои зидди сил кам, вале таъсирашон бештар шудааст
Қаблан гирифторони сил то 20 намуд дору қабул мекарданд, вале илми тиб хеле пеш рафта, доруҳои муосире пайдо шудаанд, ки раванди табобати бемориро метезонанд. Шумораи доруҳо кам, вале таъсирнокиашон хеле зиёд шудааст. Бо кумаки доруҳои муосир акнун ҳатто шакли устувори силро, ки қаблан давраи табобаташ то якуним сол буд, дар муддати шаш моҳ ба пуррагӣ табобат кардан мумкин аст. Доруҳои муосири зидди сил таъсири манфӣ ва аксуламал надоранд.
“Айни замон 57% гирифторони шакли устувори бемории сил бо реҷаи кӯтоҳмуддат дар бадали шаш моҳ табобат карда мешаванд ва мо ният дорем, ки ин рақамро то 70% расонем”,- мегӯяд муовини директори Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил Маҳмадов Абдулло Ҳомидович.
Давраи табобати шакли ҳассоси беморӣ аз шаш то ҳашт моҳ аст, вале барои эҳтиёт баъди табобат муддати ду сол маризон таҳти назорат гирифта мешаванд. Шахсоне, ки давраи табобатро ба пуррагӣ гирифта, шифо ёфтаанд, дигар барои атрофиён ягон хавфу хатар надоранд ва мисли дигар аъзои ҷомеа хотирҷамъона ба зиндагӣ ва фаъолияти худ идома дода метавонанд.
Сил дар кӯдакон
Тавре табиби силшинос Фирӯза Саидова зимни суҳбат бо мо гуфт:
– Кӯдакон асосан аз калонсолон аз бемории сил сироят меёбанд. Агар дар оила бемори сили калонсоли балғамхориҷкунанда бошад, кӯдакон ба осонӣ метавонанд сироят ёбанд, зеро системаи муҳофизатии ҷисми онҳо заифтар аст. Кӯдакон ҳамчунин метавонанд аз гӯшти нимпази гови ба сил гирифтор ва шири пухтанашудаи он сироят ёфта, ба сил гирифтор гарданд. Дар кӯдакон шаклҳои аввалияи беморӣ бештар ба назар мерасанд ва ҳангоми гирифторшавӣ ба ин беморӣ ғадудҳои дохилии кӯдакон бештар осеб мебинанд. Агар кӯдак дар навзодӣ эми БСЖ гирифта бошад, ба шаклҳои вазнини бемории сил, аз қабили минингити силӣ ва шакли пошхӯрдаи сили қафаси сина гирифтор намешавад.
“Қаблан ташхиси сил дар кӯдакон душвортар буд, зеро дар онҳо балғамхориҷкунӣ қариб ки нест. Хушбахтона имрӯзҳо натанҳо дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе, балки дар марказҳои вилоятҳо низ дастгоҳҳои индуксияи балғам вуҷуд доранд, ки бо кумаки ин дастгоҳҳо аз кӯдакон балғам барои ташхис гирифта мешавад”,- мегӯяд табиби силшинос Фирӯза Саидова.
Нишонаҳои асосии бемории сил дар кӯдакон сулфаи дарозмуддат, инҷиқӣ, кам шудани вазни бадан дар муддати кӯтоҳ, суст шудани қобилиятҳои зеҳнӣ ва хониш дар мактаб, беҳолию бемадорӣ ва гум шудани иштиҳою камҳаракатӣ мебошанд.
Тавре табиби силшинос Фирӯза Саидова гуфтанд, барои ташхиси бемории сил дар кӯдакон аз усулҳои замонавии рентген, томографияи компютерӣ, санҷишҳои пустӣ-манту ва усулҳои дигари замонавӣ истифода бурда мешавад.
“Ташхису табобати сил дар кӯдакон ва калонсолон қариб ки як хел аст, фарқият танҳо дар он аст, ки ба кӯдакон доруҳо ба миқдори камтар, бо дарназардошти вазни баданашон таъин карда мешаванд. Имрӯзҳо барои кӯдакони гирифтори сил доруҳои зуд ҳалшаванда пайдо шудаанд, ки истеъмолашон осон аст”,- гуфт ҳамсуҳбатамон.
Беморхонаи кӯдаконаи зидди сил ташхису табобати силро дар кӯдакон осонтар месозад
25-уми сентябри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи кӯдаконаи зидди силро дар шаҳри Ваҳдат ифтитоҳ намуданд, ки аз 2 ошёна иборат буда, дорои 50 кати хоб мебошад. Беморхонаи кӯдаконаи зидди сил дар Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина воқеъ гашта, дар он шуъбаҳои бемориҳои сил, ҷарроҳии кӯдакона ва дигар шуъбаҳои муосир фаъолият менамоянд. Дар ин ҷо барои ташхису табобати бемории сил дар кӯдакон имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шудаанд, ки ба ҳифзи саломатии атфол ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ мусоидат менамояд.
Ф. САТТОРӢ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ