Тоҷик дар Қирғизистон вазир таъин шуд

Равшанбек Собиров, як тоҷики 54-сола вазири меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва муҳоҷирати Қирғизистон таъин шуд. Номзадии ӯ аз ҷониби Парлумони Қирғизистон тасдиқ гардид.

Фармони таъйини Равшанбек Собиров аз тарафи президенти Қирғизистон Содир Жапаров 4-уми декабри соли 2024 имзо шудааст.

Равшанбек Собиров пеш аз ин дар мансабҳои баландпояи ҳукуматии Қирғизистон фаъолият кардааст. Вай соли 2010 аз Ҳизби “Ота Макон” ба вакили “Жогорку Кенеш” (парлумони Қирғизистон) интихоб шуд ва соли 2011 аввалин вазири тоҷик дар ҳукумати Қирғизистон шуд.

Ӯ ҳамчунин муовини сарвазир ва мушовири президенти Қирғизистон буд, дар интихоботи парлумонӣ соли 2021 аз Ҳизби “Ота Ҷурт – Қирғизистон” вакил интихоб шуд.

Равшанбек Собиров дар соли 2022 раиси Агентии миллии сармоягузории Қирғизистон таъин шуд, аммо пас аз шаш моҳ аз мансаб истеъфо дод. Вай инчунин раиси ҷамъияти тоҷикони Қирғизистон ба номи Абӯдабдуллоҳ Рӯдакиро бар ӯҳда дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *