Тоҷикистон ва KOICA барои татбиқи лоиҳаи рақамикунонӣ ба маблағи $6,5 млн созишнома бастанд
Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея (KOICA) протоколи музокиротро оид ба амалӣ намудани лоиҳаи грантии нав ба арзиши 6,5 миллион доллар ба имзо расонданд. Лоиҳа ба густариши равандҳои рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ равона шудааст.
Созишнома дар доираи эълон шудани солҳои 2025–2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия», инчунин барои иҷрои чорабиниҳои «Барномаи миёнамӯҳлати рушди иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2021–2025» ба имзо расидааст.
Тибқи лоиҳа, таъсиси платформаи ягона барои мониторинг ва баҳодиҳии ҳуҷҷатҳои стратегӣ, ҳамчунин рақамикунонии равандҳои тақсими довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи махсус ва касбӣ пешбинӣ мешавад.
Директори KOICA Канг Синг Хун изҳор дошт, ки агентӣ барои иҷрои босамари лоиҳаҳои соҳавӣ ҳамаи захираҳои заруриро сафарбар хоҳад кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ