Толибон тарки Кобул мекунанд. Амруллоҳи Солеҳ ояндаи Афғонистонро пешгӯӣ кард

Ноиби аввали раисҷумҳури пешини Афғонистон мегӯяд, ки толибҳо бо кӯч додани пойтахти сиёсӣ мехоҳанд худро аз шӯриши мардумӣ ҳифз намоянд.

— Толибон* тарҳи ҷадиде барои ба даст овардани машруияти дохилӣ ва хориҷиро мувофиқа кардаанд,- хабар дод Амруллоҳ Солеҳ, ноиби аввали раисҷумҳури пешини Афғонистон дар саҳифааш дар шабакаи иҷтимоӣ.

Солеҳ бо такя ба манобеи худ изҳор дошт, ки толибҳо мехоҳанд қароргоҳи Мулло Ҳайбатулло ва ё худ иморатро дар вилояти Қандаҳор ҳифз намоянд. Ба гуфтаи ӯ, ин иқдом ба маънои интиқоли пойтахти сиёсист, то толибҳо аз ошӯбҳои сиёсӣ ва мардумӣ эмин монанд.

Банди дигаре аз нақшаи толибҳо, ба гуфтаи Солеҳ, интихоботи Вулуси ҷирга ва ё худ парлумони Афғонистон таҳти назорати кумитае мебошад, ки аксари аъзои он аз гуруҳи толибҳо мебошанд. Таъкид шудааст, ки роҳбари ин кумитаи интихоботиро Мулло Ҳайбатуллоҳи Охунд таъйин мекунад.

Ӯ таъкид намудааст, ки занон наметавонанд вориди парлумон шаванд. Инчунин зикр намудааст, ки бар асоси нақшаи мувофиқашуда, сарвазирро Мулло Ҳайбатулло бо Вулуси ҷирга муаррифӣ мекунад ва парлумон танҳо барномаи сарвазирро мешунаваду ҳаққи тасвиб ё рад кардани онро надорад.

Инчунин вазирони дифоъ, корҳои дохилӣ, мудири истихборот мустақиман аз ҷониби Мулло Ҳайбатулло таъйин мешаванд ва ба сарвазир ҳисобот намедиҳанд.

— Қозӣ намояндаи вижаи Мулло Ҳайбатуллоҳ хоҳад буд ва Вулуси ҷирга дар таъйини аъзои Додгоҳи Олӣ ҳеҷ нақше надорад,- афзуд Солеҳ. Ӯ илова намуд, ки намояндагони шиаҳо ҳақ надоранд дар мақомоти болоии додгоҳҳо таъйин гарданд.

Дар баробари ин таъсиси Шӯрои олии уламо барои ҳифзи асли иморат, муайян кардани вориси Мулло Ҳайбатулло баъд аз маргаш дар назар аст, ки ҳеч кас ғайр аз толибҳо наметавонанд узви ин шӯро гарданд.

Ба навиштаи Солеҳ, ин шӯро дар вилояти Қандаҳор ҷойгир хоҳад шуд ва намояндагонаш дар вилоятҳо ҳамчун мақоми олии мазҳабӣ ва сиёсии волиёну мақомдорон фаъолият хоҳанд кард. Ӯ афзуд, ки дар ин низом барои ҳич як ҳизб, иттиҳодия, шӯрои маҳаллӣ иҷозати фаъолият дода намешавад ва фаъолияти матбуоти ғайридавлатӣ маҳдуд мегардад. Толибҳо нимаи августи соли 2021 ҳукумат дар Афғонистонро ғасб карда, аз ташкили иморати исломӣ хабар доданд.

*Толибон — ҳаракати террористии мамнуъ дар Тоҷикистон

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.