Трам: “Ба ман ҳуқуқи байналмилалӣ лозим нест”

Доналд Трамп дар мусоҳиба бо The New York Times (нашри 8 январ) изҳор дошт, ки ҳукумати ӯ ҳамчун сарфармондеҳи ИМА танҳо бо «арзишҳои худ» маҳдуд мешавад. Ӯ ин суханонро дар посух ба суол дар бораи мавҷудияти маҳдудият барои салоҳиятҳои ҷаҳониаш гуфтааст.

«Ба ман ҳуқуқи байналмилалӣ лозим нест. Ман намехоҳам ба одамон зарар расонам», – таъкид кард Трамп.

Дар идомаи суҳбат, ба саволи мушаххастар дар бораи он ки оё аз ҷониби маъмурияти ӯ ҳуқуқи байналмилалӣ риоя мешавад, Трамп афзуд:

«Бале, аммо ман худам муайян мекунам, ки кай ин маҳдудиятҳо ба ИМА татбиқ мешаванд. Ин вобаста аст аз он ки шумо ҳуқуқи байналмилалиро чӣ гуна муайян мекунед».

Дар ҳамин ҳол, мушовири Кохи Сафед оид ба амнияти дохилӣ Стивен Миллер рӯзи 5 январ дар мусоҳиба бо CNN гуфт, ки маъмурияти Трамп барои пешбурди сиёсати хориҷӣ бештар ба қувва такя хоҳад кард, на ба меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ.

«Мо абарқудрат ҳастем. Зери роҳбарии президент Трамп мо ҳамчун абарқудрат амал хоҳем кард», – гуфт Миллер.

«Мо дар ҷаҳони воқеӣ зиндагӣ мекунем, ки онро қувваи, маҷбуркунӣ ва қудрат идора менамояд. Ин қонуни сахти ҷаҳон аст»,- афзуд ӯ.

Шаби 3 январ ИМА дар Каракас, пойтахти Венесуэла, амалиёте анҷом дода, президенти кишвар Николас Мадуро ва ҳамсараш Силия Флоресро рабуд. Коршиносони ҳуқуқи байналмилалӣ ин иқдомро ғайриқонунӣ арзёбӣ намудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *