Вақте ки ҳақиқат тир хӯрд (идомаи мақола)

ТӮФОНИ ИНҚИЛОБИ САВР

Соли 1978. Афғонистон зери сояи режими Муҳаммад Довуд қарор дошт. Шаҳри Кобул зоҳиран ором, аммо дар ботин пурталотум буд. Он чизе, ки ба чашмони оддӣ намоён набуд, оҳанги таҳаввул буд, таҳаввуле, ки аз дохили як ҳизби хурд неруи бузурги тарканда дошт, «ғизо» мегирифт. Он оҳанг чун садои шамол, дар долонҳои пинҳони андешаю эътиқод, дар гуфтугӯҳои шабона, дар муҳити донишгоҳҳо ва маҳфилҳои равшанфикрон мечархид. Он мисли шарораи ноаён, ҳанӯз пеш аз он ки ба аланга бирасад, фазои сиёсиро гарм мекард.

Ин таҳаввулро дар суханронии расмӣ ва сармақолаи рӯзномаҳои давлатӣ дидан мумкин набуд. Он дар чашмони афсари ҷавоне, ки дар орзуи адолати иҷтимоӣ хизмат мекард, дар қалами нависандаи чапгарое, ки ҳақиқатро аз зери сензур мехост берун кашад, дар нафасҳои оҳанин ва пурдуди шабонае буд, ки дар он фидоиёни ормонсоз аз инқилоб ҳамчун наҷоти охирин ёд мекарданд.

Ҳамин оҳанги таҳаввул буд, ки ниҳоят ба таркише бо номи Инқилоби Савр анҷомид, инқилобе, ки на танҳо ҳокимиятро иваз кард, балки такон ба рӯҳи як миллат дод.

Ин ҳизб Ҳизби халқии демократии Афғонистон (ҲХДА) буд, ки соли 1965 дар заминаи таҳаввулоти идеологӣ ва болоравии ҷараёнҳои чапгаро дар шаҳри Кобул таъсис ёфт. Ташаккули он бо ташаббуси як гурӯҳи интеллигенсияи сиёсишудаи прогрессивӣ сурат гирифт, ки дар миёни онҳо шахсиятҳое чун Нурмуҳаммад Таракӣ нақши муассир доштанд. Таракӣ дар он замон бештар ҳамчун идеолог ва таблиғгари маорифпарварии сотсиалистӣ, нависандаи реалист бо ормонҳои баробарии иҷтимоӣ ва яке аз тарафдорони адолати синфӣ шинохта мешуд.

Аммо пушти фаъолияти адабӣ ва публисистии ӯ як таҷрибаи сиёсии сарнавиштсоз истода буд, ки диди равшан ба масири муборизаи синфӣ, ақидаи устувор дар мавриди нақши авангарди ҳизб дар мубориза бо сохти феодаливу сармоядорӣ ва ихлоси шадид ба арзишҳои интернатсионализми пролетарӣ дошт ва аз ҷониби Иттиҳоди Шуравӣ фаъолона ҳимоят ва роҳнамоӣ мешуд. Таракӣ, ҳамчун яке аз муассисони идеологӣ ва раҳбари ҳизб, нақшаи табдили Афғонистон ба як давлати сотсиалистии халқӣ-демократиро дар назар дошт, ки тавассути инқилоби сиёсӣ ва марҳалаи гузариш ба диктатураи пролетариат амалӣ шавад.

ҲХДА дар ибтидо як ҳизби хурди шаҳриву рӯшанфикрӣ буд, вале бо гузашти солҳо ва шароити печидаи сиёсӣ-иқтисодӣ, фазои шиддатёфтаи ҷаҳони дуқутба ва фишорҳои иҷтимоии дохилӣ, ба вазири сиёсати геостратегии Шуравӣ дар минтақа табдил ёфт. Сохтори ҳизб ба зудӣ ба ду шоха – «Халқ» ва «Парчам» тақсим шуд, ки ҳар ду барои назорат бар механизми давлатдорӣ ва раҳбарии идеологӣ рақобати шадид доштанд.

Дар чунин фазои печида ва пур аз ҷангу муборизаҳои дохилиҳизбӣ, Нурмуҳаммад Таракӣ тавонист ҳамчун котиби генералии кумитаи марказӣ ва сипас сарвари ҷумҳурӣ сари қудрат ояд ва модели «инқилоби савр», яъне шеваи афғонишудаи модели шуравии табаддулоти ҳизбии сиёсиро ба амал барорад.

ОТАШИ НОАЁН: РАҚОБАТИ ТАРАКӢ ВА КАРМАЛ

Фаъолияти ҲХДА зуд ба ду шоха тақсим шуд: «Халқ» бо роҳбарии Таракӣ ва «Парчам» бо раҳбарии Бабрак Кармал. Сипас, онҳо ба рақобати пинҳон ва баъдан ошкоро гузаштанд. Ҳарчанд ҳадафи ягонаи ҳар ду ҷониб дар шоҳмотбозии сиёсӣ афзоиши нуфуз ва ба даст овардани қудрат буд.

Пас аз қатли Мир Акбар Хайбар, як шахсияти калидии парчамиҳо, дар моҳи апрели соли 1978, хиёбонҳои Кобул ба ларза даромаданд. Маросими ҷанозаи ӯ ба гирдиҳамоии оммавии эътирозӣ табдил ёфт, ки он бо шиддат ва таҳрикоти сиёсӣ ба дастгоҳи ҳокимият ҳушдор медод.

ФОҶИАИ ҚАСР: СУБҲИ ОХИРИ МУҲАММАД ДОВУД

Субҳи 27-уми апрели соли 1978, Кобул шоҳиди боз як фоҷиаи нав гашт. Шаҳр ҳанӯз дар хоб буд, аммо ҳавои бо ғубор печидаи сиёсӣ ҳикоят аз хатаре мекард, ки аз паси пуштаҳо ва деворҳои бетонии артиш мехест. Дар қасри “Арк” – маркази қудрати Ҷумҳурии Афғонистон Муҳаммад Довуд, марде, ки соли 1973 бо як табаддулоти бе хунрезӣ подшоҳиро барҳам зада, нахустин президенти ҷумҳурихоҳи Афғонистон шуда буд, андеша сари фардо меронд. Шояд огаҳ набуд, ки вақти ӯ расидааст. Ё шояд, намедонист, ки…

Ҳангоме ки танкҳо ва ҷанговарони мусаллаҳи неруҳои ҳавоӣ ва заминӣ таҳти фармони афсарони Ҳизби халқӣ, аз ҷумла генерал Абдул Қодир ва афроди наздики Таракӣ ва Амин ба қаср наздик мешуданд, мухобирот хомӯш гашт. Ҳампаймонҳо хиёнат карда буданд. Ҳеҷ телефоне посух намедод.

Довуд дар қаср танҳо набуд. Писар, бародарони ба ваҳшат афтодааш ва занони хонадон, ки аз дунё хабар надоштанд, низ ҳамроҳаш буданд. Аммо дигар роҳе намонда буд. Ҳангоми муҳосира, ӯ талош кард, то ба фарзандонаш рӯҳ бахшад, мисли сарбозе, ки охирин фармонро медод, бо ифтихор гуфт: «Агар бояд бимирем, бо шараф мемирем. Мо сари таслим фуруд намеорем».

Аммо таърих тӯпу танкбадастонро беш аз шараф мешиносад.

Ба гуфтаи шоҳидони зиндон, вақте афроди Ҳизби халқӣ вориди қаср шуданд, муқобилият сар зад. Аввал писари Довуд ҳангоми муқовимат кушта шуд. Ва пас аз лаҳзае Муҳаммад Довуд худ ҳадафи тир қарор гирифт. Вақте неруҳо ба ҳуҷраи истиқомати ӯ расиданд, ӯ дар кӯраи оташи муқовимат меҷӯшид. Шахсан ба сари сарбозе нидо кард: «Ман Муҳаммад Довудам! Ба пуштам тир наандозед!».

Аммо фармон дода шуда буд. Тирҳо пай дар пай бар тани ӯ фурӯ рафтанд. Сари бемӯяш, ки бо бурҳони хиради сиёсии худ фахр мекард, хунин шуд. Мағзи сари марде, ки солҳои тӯлонӣ давлатро идора карда, бо Шоҳ ва Шуравӣ бозии дугона мебурд, бар фарши қасраш парешон гардид.

Баътар маълум гашт, ки 13 узви хонадони Довуд, аз ҷумла занон ва кӯдакон, бо фармон ва тасдиқи бевоситаи раҳбарияти Ҳизби халқӣ ба қатл расонида шуданд. Ҷасадҳо бе муаррифӣ ва маросим дар гӯристони дастҷамъӣ дафн гардиданд.

Солиёни баъд, дар як гӯшаи нимфаромӯши таърих, шахсе аз он неруҳои ҳамлагар эътироф кард: «Ба мо гуфтанд, ки зинда дастгир кунед. Аммо вақте расидем, оташ кушоданд. Мо ҳам посух додем. Баъд фаҳмидем, ки аллакай фармони «нобуд кунед» дода шудааст».

Довуд, ки бо орзуи як Афғонистони дунявӣ ва қавмгаро ҷумҳуриро бунёд карда буд, ҳоло бо дасти ҳамон неруҳое барҳам дода шуд, ки лофи «наҷоти халқ» ва «инқилоб» мезаданд. Қудрат чун палидтарин найранг бар сари ӯ нишаст.

Аз он шаб, Кобул дигар ҳеҷ гоҳ осуда нашуд.

СУҲБАТИ МУРОДУЛЛОҲ ШЕРАЛИЗОДА БО ГЕНЕРАЛ АБДУЛ ҚОДИР

Он шом дар утоқи тоза ва ороми бемористони “400 бистари Кобул” генерал Абдул Қодир сари миз бо Муродуллоҳ Шерализода нишаста буд. Муродуллоҳ, ҳамеша ором, бо нигоҳи амиқ ба суҳбати генерали паштузабон гӯш медод.

Қодир баъди сукут, чойи нимгармро канор гузошт.

– Муродуллоҳ соҳиб,- бо овози ором ба сухан даромад генерал,- ҳамаи раҳбарони НДПА боздошт шуда буданд. Мисли моҳӣ дар тӯр. Аммо инқилобро наметавон бо зиндон шикаст дод. Ман худам шахсан пилотҳои авиабазаи Баграмро ба тарафи халқ овардам. Дар он парвози ҳалкунанда ба сӯи Кобул худам пушти чанбараки тайёраи ҳарбӣ нишаста будам.

Ӯ таваққуфе кард, дида ба тиреза дӯхт, ки шамоли тунди Кобул пардаи онро бозӣ медоронд.

– Қасри Довудро аввалин бор мо бомбаборон кардем. Бо танку тайёра. Он як манзараи даҳшат буд: хун, оташ, фарёд. Вале барои мо ин оғози «адолат» буд…

Муродуллоҳ, ки тарҷумони сертаҷриба дар ҳайати шӯравӣ буд, бо он нигоҳи хосаш, ки ҳамеша бештар медиду камтар мепурсид, бо эҳтиёт гуфт:

– Вале, охир, ҳамон шабу рӯзҳо қудрат ба дасти ҳизб супурда шуд, на ба шумо?

Генерал сар ҷунбонд.

– Аз 27 то 29-уми апрел ман роҳбари воқеии Шурои инқилобии қувваҳои мусаллаҳ будам. Аз номи ин Шуро, худам аз радио эълон кардам, ки ҳукумати Довуд сарнагун шуд. Баъд, вақте вазъият оромтар шуд, қудратро ба ҳайати сиёсӣ, яъне ба НДПА супоридем. Худам ҳам ба Шуро шомил шудам. Вале…

Генерал гапашро хӯрд, лаҳзае хомӯш монд. Он гапе, ки нахост гӯяд, Муродуллоҳ аз чашмонаш хонд, ки «инқилоб» на ба дасти халқ, балки ба гирдоби қудрат ва низоъ афтод.

Генерал Қодир ба Муродуллоҳ бо лабханд талх нигарист:

– Он шаб мо пирӯз шудем… вале ман намедонам болои кӣ.

(Давом дорад)

Шариф Ҳамдампур

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *