Вашингтон ва панҷгонаи Осиёи Марказӣ. Тоҷикистон чӣ манфиат бардошта метавонад?
Мулоқоти эҳтимолии роҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ бо Президенти ИМА Доналд Трамп, ки 6-уми ноябр дар Вашингтон барномарезӣ шудааст, метавонад як саҳифаи навро дар муносибатҳои ИМА ва минтақа боз кунад. Дар замоне, ки ҷаҳон рӯ ба тавозуни геополитикӣ дорад, формати «С5+1» пас аз даҳ соли таъсис дубора аҳамияти амалӣ пайдо мекунад.
Чаро Вашингтон ба Осиёи Марказӣ бозмегардад?
Дар пасманзари рақобати афзояндаи қудратҳо ва таҳаввулоти иқтисодии ҷаҳонӣ, Иёлоти Муттаҳида ба минтақаи Осиёи Марказӣ бо диди нав менигарад. Формати «С5+1» – платформаи дипломатии ИМА бо панҷ кишвари минтақа акнун метавонад аз марҳилаи рамзӣ ба сатҳи амалии ҳамкорӣ гузарад. Ба гуфтаи расонаҳои байналмилалӣ, Доналд Трамп ба Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон даъватнома ирсол кардааст. Қосим-Жомарт Тоқаев аллакай бо номаи расмӣ иштирокашро тасдиқ намудааст.
Ин ҳамоиш пас аз сафари фиристодаи хосаи президенти ИМА оид ба Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Серхио Гор ва муовини котиби давлатӣ Кристофер Ландау ба минтақа тарҳрезӣ шудааст. Ҳадафи сафар, ба гуфтаи Департаменти давлатӣ, «ҳамоҳангсозии масъалаҳои сармоягузорӣ, конкодҳои муҳим ва логистикаи минтақавӣ» будааст. Вашингтон мекӯшад дар минтақа ҳамзамон бо иқтисод, амният ва “қувваи мулоим”, яъне ҷаззобият, фарҳанг, арзишҳо ва эътибораш таъсиргузор бошад, мавқеи худро мустаҳкам созад.
Таваҷҷуҳи Амрико бештар ба се самт равона шудааст: аввал – минералҳои нодир ва захираҳои стратегӣ, ки барои саноати баландтехнологӣ аҳамияти муҳим доранд, дуюм – долонҳои транзитӣ ва логистика, аз ҷумла “Шимол-Ҷануб” ва “Шарқ-Ғарб” ва сеюм – амният ва суботи минтақавӣ, ки бе он сармоягузорӣ ва рушди устувор имконнопазир аст.
Осиёи Марказӣ имрӯз дар шароите қарор дорад, ки бояд тавозуни мураккабро миёни Русия, Чин ва Ғарб нигоҳ дорад. ИМА дар талоши барқарор кардани иртиботҳои иқтисодӣ ва сиёсии худ аст, то ҳам кишварҳои минтақа аз вобастагии якҷониба раҳо ёбанд ва ҳам шабакаҳои нави тиҷоратӣ бо меъёрҳои шаффоф ва рақобатпазир бунёд шаванд.

Тоҷикистон дар низоми нави ҳамкории “C5+1”
Барои Тоҷикистон чунин саммитҳо на танҳо шакли рамзии мулоқоти дипломатӣ, балки заминаи воқеӣ барои татбиқи лоиҳаҳои муҳими минтақавӣ мебошанд. Аз ҷумла, сухан метавонад дар бораи CASA-1000, нерӯгоҳи “Роғун”, инфрасохтори нақлиётӣ ва логистикӣ, ислоҳоти марзбонӣ ва тақвияти ҳамкориҳои амниятӣ равад.
Формати “C5+1” ба Душанбе имкон медиҳад, ки мавқеи худро дар низоми нави ҳамкории амниятӣ, иқтисодӣ ва экологӣ тақвият диҳад. Ин ҳамкорӣ метавонад ба ҷалби сармоягузории стратегӣ, таҳкими робита бо ИМА ва кушодани роҳҳои нави иқтисодиву сиёсӣ мусоидат кунад.

Зеҳни сунъӣ самти нави ҳамкорӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ
Мавқеи фаъолонаи Тоҷикистон дар саҳнаи байналмилалӣ танҳо ба масъалаҳои амният ва об маҳдуд намешавад. Ҳамкорӣ дар самти қатъномаи “Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ”, ки 25-уми июл Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул намуд, самти нави фаъолияти Тоҷикистонро муайян мекунад.
Ин қатънома ба истифодаи зеҳни сунъӣ (AI) дар рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологии кишварҳои минтақа равона шудааст. Барои Тоҷикистон ин иқдом имкони ҷалби технологияҳои навро дар соҳаҳои идоракунии захираҳои об, энергетика, кишоварзӣ, маориф ва идоракунии давлатӣ фароҳам меорад.
Иштироки фаъол дар чунин ташаббусҳои ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки Тоҷикистон мехоҳад аз қувваи нарм (soft power) – дониш, навоварӣ ва фарҳанг барои таҳкими мавқеи худ дар арсаи байналмилалӣ истифода кунад.
Қатъномаи СММ “Дар бораи нақши зеҳни сунъӣ барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ”, ки 25-уми июл қабул шуд, кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистонро водор мекунад, ки дар соҳаи AI мубодилаи таҷриба, дониш ва технология намуда, ин навовариҳоро барои ҳалли мушкилоти муҳити зист, энергетика ва маориф татбиқ намоянд.
Пешомадҳо ва хатарҳо барои Тоҷикистон
Пешомадҳои мусбат:
- Дастрасӣ ба сармоя ва таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ;
- Тақвияти амният ва назорати марзҳо тавассути технологияҳои нав;
- Густариши нуфузи дипломатӣ ва имкони муаррифии Тоҷикистон ҳамчун кишвари калидии об ва энергия.
Хатарҳои эҳтимолӣ:
- Рақобати нуфуз миёни абарқудратҳо метавонад мувозинати сиёсати хориҷиро душвор созад;
- Вобастагии аз ҳад зиёд аз сармоягузории якҷониба хатари иқтисодиро меафзояд;
- Норасоии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи зеҳни сунъӣ татбиқи барномаҳои навро маҳдуд мекунад.
Аз ин рӯ, сиёсати хориҷии кишвар бояд дар баробари ҳифзи манфиатҳои геополитикӣ барномаи мукаммали рушди илм, технология ва инфрасохтори рақамиро низ фаро гирад.
Хулоса, формати “C5+1” ва қатъномаи нави СММ дар бораи зеҳни сунъӣ ду сутуни асосии ҳамгироии Тоҷикистон бо ҷаҳони муосир мебошанд. Агар ин ҳамкорӣ бо сиёсати оқилона ва дурнигарона идома ёбад, Тоҷикистон метавонад худро ҳамчун маркази устувори энергетикӣ, обӣ ва инноватсионии Осиёи Марказӣ муаррифӣ кунад.
Дар ҷаҳоне, ки сиёсат, иқтисод ва илм ба ҳам омехтаанд, қадами устувори Тоҷикистон ба сӯи зеҳни сунъӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ иқдоме ба сӯи ояндаи рақамӣ ва рушди устувори Тоҷикистон аст.
Шариф ҲАМДАМПУР,
“Тоҷикистон”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ