Вазирони корҳои дохилии кишварҳои аъзои ИДМ ба Тоҷикистон меоянд

Дар Тоҷикистон соли 2026 ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои дохилии давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад.

Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар назар аст, ки зимни ҷаласаи Шуро дурнамои ҳамкории афзалиятноки вазоратҳои корҳои дохилии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, амалӣ намудани барномаҳои байнидавлатии мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, инчунин масъалаҳои мубрами ҳамкории вазоратҳои корҳои дохилии (политсияи) давлатҳо – иштирокчиёни аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  баррасӣ гарданд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2025 ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои дохилии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия доир гардида буд.

Дар ҷаласа Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода иштирок карда, доир ба масъалаҳои ҳамкории афзалиятноки дуҷониба ва бисёрҷониба пешниҳодҳои судманд баён намуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *