Аз ронандаи автобус то президенти Венесуэла. Николас Мадуро кист?
Николас Мадуро яке аз чеҳраҳои баҳсбарангез ва таъсиргузори сиёсат дар Амрикои Лотинӣ ба ҳисоб меравад. Ӯ вориси сиёсати Ҳуго Чавес буда, зиёда аз як даҳсола раҳбарии Венесуэларо дар шароити буҳрони шадиди иқтисодӣ, фишорҳои байналмилалӣ ва ихтилофҳои дохилӣ бар ӯҳда дошт.
Солҳои аввали зиндагӣ ва фаъолият
Николас Мадуро 23 ноябри соли 1962 дар шаҳри Каракаси Венесуэла ба дунё омадааст. Ӯ аз оилаи коргар буда, дар ҷавонӣ ҳамчун ронандаи автобус фаъолият мекард. Маҳз дар ҳамин давра Мадуро ба ҳаракатҳои иттифоқҳои касаба пайваст ва тадриҷан ба фаъолияти сиёсӣ ҷалб шуд.
Ӯ ба ақидаҳои чапгароёна ва зиддиимпериалистӣ майл пайдо карда, аз ҷонибдорони ашаддии адолати иҷтимоӣ ва баробарҳуқуқӣ гардид.
Ворид шудан ба сиёсат ва ҳамкорӣ бо Ҳуго Чавес
Дар солҳои 1990-ум Николас Мадуро ба ҳаракати инқилобии Ҳуго Чавес наздик шуд. Пас аз ба қудрат расидани Чавес дар соли 1999, Мадуро дар сиёсат ҷойгоҳи устувор пайдо кард.
Соли 2000 ӯ вакили Маҷлиси миллии Венесуэла интихоб шуд ва баъдан дар соли 2005 Раиси Маҷлиси миллӣ таъйин гардид. Ин вазифа нуфузи сиёсии ӯро бештар кард.
Соли 2006 Ҳуго Чавес Николас Мадуроро Вазири корҳои хориҷӣ таъйин намуд. Дар ин мақом ӯ сиёсати хориҷии зидди ИМА-ро пеш бурда, муносибатҳоро бо кишварҳое чун Русия, Чин, Эрон, Куба ва Боливия тақвият дод.
Соли 2012 Николас Мадуро Ноиби президенти Венесуэла таъйин шуд. Ҳуго Чавес пеш аз маргаш (марти 2013) ӯро ҳамчун вориси сиёсии худ муаррифӣ кард ва мардумро даъват намуд, ки аз Мадуро ҷонибдорӣ кунанд.
Пас аз даргузашти Ҳуго Чавес, Николас Мадуро дар интихоботи президентии соли 2013 бо фарқи ночиз пирӯз шуд ва Президенти Венесуэла гардид.
Ӯ борҳо дар интихоботҳо ширкат варзида, солҳои 2018 ва 2024 низ пирӯзии худро эълон кард, аммо натиҷаҳои интихобот аз ҷониби мухолифон ва кишварҳои Ғарб баҳсбарангез шуморида шуданд.
Бӯҳрони иқтисодӣ ва иҷтимоӣ
Дар давраи роҳбарии Мадуро Венесуэла ба яке аз шадидтарин бӯҳронҳои иқтисодӣ рӯ ба рӯ шуд:
-коҳиши шадиди истеҳсоли нафт;
-гиперинфлятсия;
-камбуди маводи ғизоӣ ва доруворӣ;
-муҳоҷирати миллионҳо шаҳрванд.
Ҳукумати Мадуро сабаби бӯҳронро ба таҳримҳои ИМА ва фишорҳои хориҷӣ рабт медиҳад, дар ҳоле ки мухолифон ӯро ба идоракунии нокифоя муттаҳам мекунанд.
Сиёсати дохилӣ ва мухолифат
Мадуро бо эътирозҳои густурдаи мардумӣ рӯ ба рӯ шудааст. Бисёре аз раҳбарони мухолифин боздошт ё маҷбур ба муҳоҷират шудаанд. Инчунин, дар соли 2019 мухолифон Хуан Гуайдороро президенти муваққат эълон карданд, аммо Мадуро қудратро нигоҳ дошт.
Николас Мадуро шахсияти калидӣ дар таърихи муосири Венесуэла мебошад. Ӯ барои ҷонибдоронаш рамзи муқовимат ба империализм ва ҳифзи мероси Ҳуго Чавес аст, аммо барои мухолифон, масъули бӯҳрони амиқи кишвар аст.
Ёдовар мешавем, ки Николас Мадуро ва ҳамсараш Силия Флорес рӯзи 3 – юми январ бо дастури Доналд Трамп раисҷумҳури Амрико рабуда шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ