Ярмаркаҳои мактабӣ. Аз сифату гаронии нарх то шикояту назари масъулин

Дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе аз 1-уми август инҷониб дар чанде аз нуқтаҳои савдо ва хизматрасонии пойтахт ярмаркаҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ таъсис дода шудааст. Масъулин ҳадаф аз таъсиси чунин ярмаркаҳоро “дастрасии аҳолӣ ба либос ва лавозимоти мактабӣ” медонанд. Аммо шикояти мардум аз бесифат ва гарон будани нарх дар ин ярмаркаҳо бисёр ба назар мерасад. Хабарнигори “Тоҷикистон” ҳолати воқеӣ, сифат ва нархи ярмаркаҳои мактабиро дар чанде аз чунин нуқтаҳо пайгирӣ намуд.

Қиммат бе ҳиммат нест

Ярмаркаи воқеъ дар маркази савдои “Садбарг” он қадар пурра набуд ва харидорон ҳам кам ба назар мерасиданд. Масъули ярмарка Наврӯз Маҷидов мегӯяд, ки “маҳсулоти ярмарка аз истеҳсоли дохилӣ ва Ӯзбекистон мебошад. Вале аз Ӯзбекистон назар ба дохилӣ сифати хуб доранд ва нархашон каме гарон аст. Мардум сифатро ба назар намегиранд. Агар маҳсулоти арзон баъди ду-се об шустан аллакай рангаш раваду корношоям гардад, маҳсулоти сифати хуб рангашро иваз намекунад ва муддати зиёд хизмат мерасонад”.

Комбинати “Нассоҷии тоҷик” хеле серодам буд. Дар даромадгоҳи ин корхона зане, ки барои наберааш либос харидааст, аз гарон ва бесифат будани либосҳои мактабӣ шикоят кард. Ӯ либосро нишон дода, гуфт: “Мана, ҳамин чӣ хел сифат дорад? Худатон бинед”. Аммо ин зан аз гуфтани ному насаб худдорӣ намуд ва баробари дидани камера дарҳол ғайб зад.

Ҳамин тариқ, нарх дар комбинати “Нассоҷии тоҷик” чунин буд: шиму костюм аз 226 то 325 сомонӣ, нимча ва пешдомани духтарона 127 — 150 сомонӣ ва костюми духтарона 111 — 145 сомонӣ. Бештар сокиноне ба назар мерасиданд, ки ҳамроҳашон кӯдакони синфҳои як мерафта буданд. Онҳо ба хотири гирифтани “чек”, ки дар муассисаҳо бе он кӯдаконро қабул намекунанд, харидорӣ мекарданд, зеро сифати хуб надоранд ва дар баробари харидорӣ аз ярмаркаҳо, ҳамзамон, ба хотири он ки пас аз бесифат шудани ин маҳсулот кӯдаконашон бе либос намонанд, аз бозорҳо низ мехаранд. Вале Шифо Собиров, корманди Комбинати “Нассоҷии тоҷик” ба хабарнигори “Тоҷикистон” чунин иттилоъ дод:

— Иттиҳодияи истеҳсолии “Нассоҷии тоҷик” аз соли 2015 як сехи дӯзандагиро пурра ба истеҳсоли либосҳои мактабӣ равона намуд. Либосҳои мактабӣ бо матоъҳои хушсифати ватании “Милан”, “Парламент”, ки ба стандартҳои ватаниву хориҷӣ ҷавобгӯ ҳастанд, истеҳсол карда мешаванд. Нархи маҳсулоти мо назар ба бозор арзонтар аст. Ба мардум дастрас аст. Мардум дилхоҳ андозаро метавонанд пайдо намоянд”.

Дар ҳамин ҳол, Хайриниссо Бобокалонова, сокини шаҳри Душанбе, ки ӯро ғарқи харид дарёфт намудем, гуфт, ки “сифат ва нархи ин ярмарка назар ба бозор дастрас мебошад”.

Ҷойи холиро навор нагир!

Вақте ба маркази савдои “Ганҷина” омадем, бештари нуқтаҳои ярмаркаҳо холӣ буданд. Ҳол он ки, мувофиқи қарори раиси шаҳр ярмаркаҳо бояд аз 1-уми август ба кор шурӯъ мекарданд. Вақте мо хостем, ки нуқтаҳои холиро наворбардорӣ намоем, чанд нафаре дар гӯшае ҷамъ омада буданд ва ба назар аз роҳбарон ва масъулини бозор буданд, ки гуфтанд: “Ҷойҳои холиро навор нагиред, рафта нуқтаҳои хубу пурро наворбардорӣ кунед. Нуқтаҳои дигар рӯзи душанбе кушода мешаванд”. Бо ин амал онҳо мехостанд камбудии худро пӯшонанд, вале “чизе, ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест” мегӯянд.

Умед Илёс, соҳибкор ва масъули яке аз нуқтаҳои ярмаркаи бозори “Ганҷина” дар суҳбат иброз дошт: “Либосҳои мактабие, ки мо дар ярмарка гузоштаем, истеҳсоли ватанӣ, Ӯзбекистон, Чин ва Туркия мебошанд. Мо назар ба бозор арзонтар мефурӯшем. Шиму костюм барои хонандагони синфҳои 1-4 аз 80 сомонӣ то 350 сомонӣ аст. Барои синфҳои болоӣ бо назардошти андоза гаронтар мешавад. Волидоне ҳастанд, ки мехоҳанд моли туркӣ гиранд, бархеи дигар сифатро ба назар нагирифта, мехоҳанд арзон бошад. Барои ҳамин мо якчанд намудро ба онҳо пешниҳод менамоем, ҳар нафар ба андозаи кисааш харид мекунад”.  

Коргоҳҳо тамоюли афзоиш доранд

Чанд соли охир шикоятҳо нисбат ба бесифат будани либосҳои мактабӣ аз ҷониби мардум бештар мушоҳида мешавад. Ин дар ҳолест, ки Агентии “Тоҷикстандарт” ҷиҳати дӯхти босифати либоси мактабӣ соли 2020 ба 56 корхона, 2021 ба 62 корхона ва 2022 ба 70 корхонаи ватанӣ сертификат додааст.

Темурҷон Абдулваҳобзода, директори “Тоҷикстандарт” зимни нишасти матбуотии охир гуфт, ки «тамоюли истеҳсоли либосҳои мактабии истеҳсоли ватанӣ сол аз сол афзоиш дошта, барои беҳбуд бахшидани сифати онҳо аз ҷониби агентӣ дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои дахлдори мамлакат кор бурда мешавад”.

Мувофиқи оморе, ки мо аз раёсати саноати сабуки Вазорати саноат ва технологияи нави кишвар гирифтем, дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар кишвар 1 млн 396 ҳазор дона либоси мактабӣ истеҳсол шудааст. Дар нимсолаи соли 2021 бошад, 797 ҳазор ва дар солона 2 млн 670 ҳазор дона либоси мактабӣ омода карда шуда, ба бозор бароварда шудааст. Шумораи муҳассилин бошад, дар ҷумҳурӣ наздик ба 2,7 млн мерасад.

Яке бонк медаваду дигаре ҳайрон

Мо ҳисоб намудем, ки барои як хонандаи синфҳои 1-4-ум  630 — 1100 сомонӣ (шиму костюм — 200 — 350 сомонӣ, курта — 60 — 120 сомонӣ, ҷузвдон — 70 — 120 сомонӣ, пойафзол — 100 — 200 сомонӣ, лавозимоти дигар — 200 — 300 сомонӣ) лозим меояд. Барои хонандагони синфҳои болоӣ ва донишҷӯён, ки сифати маҳсулотро фарқ карда метавонанд ва ҳамеша молҳои мӯдро интихоб мекунанд, наздик ба 2000 сомонӣ сарф мегардад. Ҳол он ки, баъзе оилаҳо то 3 — 4 хонанда доранд ва на ҳамеша ин қадар маблағро пайдо мекунанд. Мардум мегӯянд, ки новобаста аз гаронӣ, онҳо маҷбуранд харидорӣ намоянд, чун чораи дигаре надоранд. Яке ба бонк барои гирифтани қарз медаваду дигаре гову харашро мефурӯшад. Сеюмӣ дар интизори пули фарзандаш аз Русия аст. Мушкиле, ки ҳамасола моро пойбанд аст.

Аммо дар ростои ин ҳама, имрӯзҳо Худованд ба дили масъулини ярмакаҳои мактабӣ ва фурӯшандаҳо инсофу виҷдон диҳад, то нархро боло набаранду ҷайби тиҳиро тиҳитар накунанд.  

Идибеки САИД

P.S. Гузориши видеоиро дар ютубканали Pressa.tj пайгирӣ намоед.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.