Ё тавба! Ин чӣ балое буд, ки ба сари мардум омад?!

— Бар асари боришоти шадиди рӯзҳои 3-4 май 835 хона дар ҷануби Қирғизистон фаромадани сел ва ярч ба амал омада, беш аз 1000 нафарро эвакуатсия карданд,- хабар медиҳад Вазорати ҳолатҳои изтирории кишвар.

Бар асари боришоти шадид дар вилояти Ӯш 229 хонаи истиқоматӣ, як мактаб, роҳҳои дохилихоҷагӣ ва як қатор дигар иншооти иҷтимоӣ зери об монда, даҳҳо сар чорво ҳалок шуд. Дар вилояти ҳамсояи Ҷалолобод 606 бинои истиқоматӣ ва 10 иншооти иҷтимоӣ зери об монда, 1063 нафарро эвакуатсия карданд.

Ғайр аз ин дар ноҳияи Норин дар натиҷаи ярч чанд роҳро вайрон кард. Тибқи иттилои Вазорати ҳолатҳои изтирорӣ, дар робита ба вазъи изтирорӣ дар се минтақаи боло тамоми сохторҳои давлатӣ ба реҷаи махсуси кор гузаронида шуданд.

Раёсат қайд кард, ки бар асари ярч ва фаромадани сел ба инфрасохтори вилоятҳои Ӯш, Ҷалолобод ва Норин хисороти зиёди моддӣ расонида шудааст. Дар ҳоли ҳозир корҳо барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ идома доранд, ки дар он ба ҷуз аз кормандони вазорати ҳолатҳои изтирорӣ ва мақомоти маҳаллӣ, низомиён низ ҷалб шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *