Замони оғози бозиҳои CAFA FUTSAL CUP-2023 тасдиқ шуд
Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ вақти оғози бозиҳои мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023»-ро, ки аз 23 то 28-уми июл дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии Душанбе баргузор мешавад, тасдиқ кард.
Дар ин мусобиқа дастаҳои мунтахаби шаш кишвари минтақа – Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон ширкат мекунанд.
Дар доираи мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023» дар маҷмуъ 15 бозӣ баргузор мешавад. Мусобиқа аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила баргузор мешавад. Дастаи ғолиб аз рӯйи шумораи бештари холҳо муайян мегардад.
Даври 1. 23-юми июл
Қирғизистон – Афғонистон
Эрон – Туркманистон
Ӯзбекистон – Тоҷикистон
Даври 2. 24-уми июл
Эрон – Қирғизистон
Ӯзбекистон – Афғонистон
Тоҷикистон – Туркманистон
Даври 3. 26-уми июл
Туркманистон – Ӯзбекистон
Афғонистон – Эрон
Тоҷикистон – Қирғизистон
Даври 4. 28-уми июл
Эрон – Ӯзбекистон
Қирғизистон – Туркманистон
Афғонистон – Тоҷикистон
Даври 5. 30-юми июл
Туркманистон – Афғонистон
Ӯзбекистон – Қирғизистон
Тоҷикистон – Эрон
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ