Академик Шаҳбозов ҷоизаи “Ситораҳои Иттиҳод” ва 2 миллион рублро соҳиб шуд

Академик Мирганд Шабозов дар шаҳри Тошканд ҷоизаи “Ситораҳои Иттиҳод”-ро соҳиб шуд. Эътои ин ҷоизаи бонуфуз ба устоди факултети механикаю математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, академик Мирганд Шабозов дар ҳошияи Форуми XV зиёиёни эҷодкор ва илмии кишварҳои узви ИДМ сурат гирифтааст.

Барандаи  ҷоизаи «Ситораҳои Иттиҳод» бо диплом, нишони фахрӣ ва шаҳодатнома сарфароз гардонида шудааст.

Ёдрас мешавем, ки   Ҷоизаи мазкур ҳамасола ба намояндагони давлатҳои Иттиҳод барои дастовардҳои назаррас дар соҳаи фаъолияти башардӯстона, ки ба сатҳи дастовардҳои ҷаҳонӣ мувофиқанд ва дар рушди ҳар як кишвари узви ИДМ ва дар маҷмӯъ дар Иттиҳод саҳм гузоштаанд, дода мешавад. Маблағи ҷоиза 2 миллион рубл  мебошад. Имсол барои ин ҷоиза 12 номзад аз 8 кишвари ИДМ довталаб будаанд.  Бо қарори доварон, ки ба ҳайати он ходимони барҷастаи фарҳангу маориф аз тамоми кишварҳои ИДМ шомил буданд, ҷоизаҳо ба ҳашт довталаб дода шуданд.

АЛИЕВ Нотик Камол оғлу (Озарбойҷон) — ҳайкалтарош, рассоми халқии Озарбойҷон.

ХАЧИЯН Эдуард Ефремович (Арманистон) — геолог, мудири кафедраи механикаи сохтмонии Донишгоҳи миллии меъморӣ ва сохтмон.

КИЛИН Сергей Яковлевич (Беларус) — физик, муовини Раиси Президиуми Академияи илмҳо.

РУСТАМБЕКОВ Серик Исаевич (Қазоқистон) — меъмор, директори фирмаи лоиҳакашии «ORTA», раиси Иттифоқи меъморони шаҳри Нурсултон.

МАМИТОВ Миталип (Қирғизистон) — нейроҷарроҳ, мудири кафедраи Академияи давлатии тиббӣ.

ТЕМИРКАНОВ Юрий Хатуевич (Русия) — дирижёр, рохбари бадеии Филармонияи академии Санкт-Петербург.

ШАҲБОЗОВ Мирганд (Тоҷикистон) — риёзидон, академики Академияи миллии илмҳо.

УСМОНОВ Рамиз Бекназарович (Узбекистан) — директори Театри давлатии академии калони Узбекистон.

Ёдовар мешавем, ки  дар гузашта донишмандони шинохтаи тоҷик, ба мисли академикҳо Раҳим Масов ва Пӯлод Бобоҷонов ҳам ин ҷоизаро соҳиб шуда буданд.

Мирганд Шаҳбозов аз олимони саршиноси риёзидони Тоҷикистон дониста шуда, қаблан муовини раиси Порлумони Тоҷикистон буд. Ин олим соли 2015 ҷоизаи байналмилалии «Top Springer Author 2015»-ро низ соҳиб шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *