Асари «Абармарди таърихсоз» сазовори Шоҳҷоизаи «Китоби сол-2025» гардид


Асари илмӣ-таҳқиқотии дуҷилдаи «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ дар озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2025» ба Шоҳҷоиза сазовор дониста шуд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол» ҳамасола бо мақсади дастгирии фаъолияти эҷодии олимон ва нависандагон, рушди фарҳанги китобхонӣ ва муаррифии беҳтарин дастовардҳои илмию адабӣ баргузор мегардад. Имсол даҳҳо асар аз рӯи жанрҳои гуногун – илмӣ, таърихӣ ва адабӣ мавриди баррасии ҳайати ҳакамон қарор гирифтанд.
Асари «Абармарди таърихсоз» ба таҳлили амиқи равандҳои муҳими таърихи навини давлатдории миллӣ бахшида шуда, нақши шахсияти барҷастаро дар таҳкими истиқлол, ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон мавриди омӯзиши илмӣ қарор медиҳад.
Муаллиф бо такя ба сарчашмаҳои боэътимоди таърихӣ масъалаҳои муҳимми сиёсӣ ва иҷтимоиро дар робита бо тақдири давлат ва миллат баррасӣ намудааст.
Ба гуфтаи Матлубахон Сатториён, Вазири фарҳанги Тоҷикистон, ин асар дорои арзиши баланди илмӣ ва маърифатӣ буда, дар ташаккули худшиносии миллӣ ва ҷаҳонбинии ватандӯстона, бахусус миёни насли ҷавон, нақши муассир мегузорад.
Ӯ таъкид намуд, ки чунин китобҳо барои рушди илми ватанӣ ва таҳкими фарҳанги китобхонӣ аҳамияти хоса доранд.
Ҳайати ҳакамони озмун асарро барои мазмуни фарогир, таҳлили амиқ ва аҳамияти бузурги тарбиявию маърифатӣ сазовори Шоҳҷоиза арзёбӣ намуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *