Аз моҳи сентябр маоши киҳо боло меравад
Фармони боло бурдани маошу нафақа ва идрорпулиҳо аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон имзо шуд.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, 14-уми январ, фармон дар бораи зиёд кардани маошу нафақа ва идрорпулиҳоро имзо кард. Бар асоси ин фармон, аз 1-уми сентябри соли 2026 музди кор дар соҳаҳои гуногуни давлатӣ ва нафақаву идрорпулиҳо аз 15 то 25% боло бурда мешавад. Ҳамчунин, маоши ҳадди ақал, ки ҳоло 1000 сомонӣ аст, аз моҳи сентябр 1300 сомонро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон, аз моҳи сентябр маош дар соҳаҳои дигар ба таври зайл боло меравад:
Маоши кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 25%;
Маоши кормандони муассисаҳои дигари соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ 20%;
Маоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хидматчиёни ҳарбӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва муассисаҳои дигари буҷетӣ 20%;
Маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани маоши вазифавии кормандони соҳаи тандурустӣ 20% (893 сомонӣ муқаррар мешавад);
Идрорпулиҳо донишҷӯён ва дигари стипендия, аз ҷумла стипендияҳои президентӣ (ба ғайр аз курсантҳои муассисаҳои олии ҳарбӣ ва Академияи ВКД) ба андозаи 20%;
Нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо на кам аз 15%.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ