Дастаи “Истаравшан” ғолиби чемпионати Суғд гардид
Бозии ниҳоӣ чемпионати вилоят оид ба футзал байни дастаҳои “Истаравшан” ва “Беморхонаи Кӯдакона” доир гардид.
Бозӣ дар майдони “Қасри варзиш”-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Ин бозӣ бо ҳисоби 6:2 ба фоидаи дастаи шаҳри Истаравшан ба анҷом расид ва дастаи “Истаравшан” қаҳрамони вилоят оид ба футзал дар мавсими 2025-2026 гардид.
Дар бозӣ барои ҷойи сеюм дастаи “Имон Интернешнл” дар муқобили “Эсхата” ба майдон баромаданд вақти асосӣ мусовӣ 4:4 ба поён расид ва пас аз задани зарбаҳои пеналтӣ бо натиҷаи 6:5 бозигарони “Имон Интернешнл” пирӯз гардида, соҳиби медалҳои биринҷӣ гаштанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ