ДМТ

ДМТ ҷавонони соҳибистеъдодро интизор аст!

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бонуфузтарин маркази таълимию илмӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дастпарварони ин боргоҳи илму маърифат дар пешрафти давлати мустақили Тоҷикистон, рушду равнақи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва илмиву фарҳангии кишвар саҳми арзанда мегузоранд. Донишгоҳ ҷиҳати ислоҳу такомули соҳаи илму маориф, баланд бардоштани маърифат, худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва тарбияи мутахассисони донишманд мақому манзалати хоса дар кишвар дорад.

Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  

Донишгоҳ дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро дар руҳияи худшиносиву ватандӯстӣ тарбия карда, ифтихор аз он дорад, ки Пешвои муаззами миллат хатмкардаи ин боргоҳи илму маърифат мебошад.

Донишгоҳ дорои 19 факултет, 125 кафедра, 124 ихтисос, Институти илмию таҳқиқотӣ, Литсейи равияҳои табиию риёзӣ, китобхонаи илмӣ ва электронӣ, Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии назди донишгоҳ, Донишкадаи Конфутсий, озмоишгоҳҳои илмию таълимӣ ва таҳқиқотӣ, марказҳои интернетӣ, синфхонаҳои компютерӣ, ҳуҷраҳои лингофонӣ, зиёда аз 10 маркази хизматрасонии таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ, 3 пойгоҳи таҷрибавӣ, бунгоҳи тиббӣ ва майдончаҳои варзишӣ мебошад.

Донишгоҳ барои донишҷӯён, магистрантон ва докторантони ватанию хориҷӣ беҳтарин хобгоҳҳои муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир дорад.

Имрӯз донишгоҳ беш аз 2 ҳазору 500 нафар устоду корманд ва наздик ба 23 ҳазор нафар донишҷӯро муттаҳид карда, тамоми шароити заруриро барои таълим фароҳам сохтааст.

Довталабони азиз!

Шумо мехоҳед дониши замонавӣ гиред, истеъдоди худро сайқал диҳед, аз мактабҳои бузурги илмӣ сабақ омӯзед ва ҳамчун мутахассис дар бозори кор рақобатпазир бошед? Пас, Донишгоҳи миллиро интихоб кунед. Донишгоҳ интизори ҷавонони соҳибистеъдоду хушзеҳн  мебошад.

Марҳабо ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон!

ОСОРХОНА ВА МАРКАЗИ ИЛМӢ-ТАҲҚИҚОТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Дар бинои таълимии факултетҳои иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Осорхонаи Пешвои миллат, ки ба овони донишҷӯӣ ва саҳми Сарвари давлат дар рушди минбаъдаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида шудааст, ҷойгир аст.
Ҳамзамон, бо мақсади эҳтиром ва арҷгузорӣ ба мактаби бузурги давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар донишгоҳ Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат фаъолият мекунад.

ХОБГОҲ

Хобгоҳҳои донишгоҳ дорои шароити хуби истиқоматӣ мебошанд. Хобгоҳи рақами 8 аз ҷумлаи онҳост, ки дорои 207 ҳуҷраи хоб буда, барои бештар аз ҳазор нафар донишҷӯ пешбинӣ гардидааст.

БОЗИҲОИ ВАРЗИШӢ

Дар донишгоҳ кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш фаъолият мекунад, ки дар заминаи он байни устодону кормандон ва донишҷӯён мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, аз ҷумла футбол, волейбол ва теннис гузаронида мешаванд.

МАҶМААИ МАИШӢ-ХИЗМАТРАСОНИИ «САФОИ ДОНИШҶӮ»

Маҷмаа барои донишҷӯёне, ки дар хобгоҳ иқомат мекунанд, сохта шуда, аз кошонаи ҳусн, сартарошхона, ошхона ва ҳаммом бо ҷойгирии бӯғхона иборат аст.

СИНФХОНАҲОИ ТАЪЛИМӢ

Синфхонаҳои таълимӣ бо технологияи муосири информатсионӣ, аз ҷумла бо компютер, тахтаи электронӣ ва видеопроекторҳо дар биноҳои таълимӣ ҷойгир мебошанд.

ПАРКИ ТЕХНОЛОГӢ

Парки технологии донишгоҳ аз соли 2010 фаъолият менамояд. Дар он истеҳсоли маводи фаъоли биологӣ ба роҳ монда шудааст. Дар парк донишҷӯёни факултетҳои тиббию фарматсевтӣ корҳои илмӣ-амалӣ ва таҷрибавиро анҷом медиҳанд.

АНСАМБЛИ «НАВРӮЗ»

Ансамбли «Наврӯз»-и донишгоҳ соли 1966 ташкил шудааст. Дар ҳайати ансамбл дар баробари мутахассисон донишҷӯён низ фаъолият мекунанд, ки онҳо дар чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ фаъолона иштирок менамоянд.

ПОЙГОҲҲОИ ТАҶРИБАОМӮЗӢ

Имрӯз мавзеъҳои таҷрибаомӯзӣ, аз ҷумла Пойгоҳи таълимӣ-таҷрибаомӯзии деҳаи Зиддии ноҳияи Варзоб, Пойгоҳи таълимӣ-таҷрибаомӯзии Такоб (ноҳияи Варзоб), Пойгоҳи фароғатии таҷрибавии «Ҷавонӣ» (дараи Ромити шаҳри Ваҳдат), Маркази таълимӣ-таҷрибавии бостоншиносӣ-этнологияи факултети таърих дар ноҳияи Фархор муайян шудааст, ки устодону донишҷӯён метавонанд аз ин пойгоҳҳо истифода намоянд.

МАРКАЗИ БИОТЕХНОЛОГИЯ

Маркази биотехнология аз соли 2009 дар донишгоҳ фаъолият мекунад.  Он дар самти анҷом додани корҳои илмӣ дар соҳаи биотехнология, тайёр намудани мутахассисони соҳа ва рушд бахшидани самтҳои таҳқиқоти замонавӣ мусоидат менамояд. Дар марказ донишҷӯёни ихтисосҳои марбутаи факултети биология ҷалб шудаанд.

КЛИНИКАИ ҲУҚУҚӢ

Дар назди факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳ клиникаи ҳуқуқӣ фаъолият мекунад, ки он дар самтҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ, гражданӣ, меҳнатӣ, оилавӣ, соҳибкорӣ, мурофиавӣ, аз ҷумла ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар рафти тафтишот ва мурофиаҳои судӣ ва дигар самтҳои муҳими ҳаёти ҳуқуқии ҷомеа ба устодону донишҷӯён ва шаҳрвандон машварат ва кумаки ҳуқуқӣ мерасонад.

ТОЛОРҲО

Дар донишгоҳ барои гузаронидани чорабиниҳои илмӣ — фарҳангӣ ва дарсҳои лексионӣ толорҳои замонавӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки дорои тамоми васоити техникӣ мебошанд.

ДОНИШКАДАИ ТАЪЛИМИЮ ФАРҲАНГИИ КОНФУТСИЙ

Дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсий амал мекунад. Донишкада бо ташаббус ва дастгирии муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин таъсис ёфтааст.

Сомонаи донишгоҳ: www.tnu.tj

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.