Ахлиддин Ибодуллозода

Донишгоҳи омӯзгорӣ ҳам соҳиби литсей мешавад

Дар назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ литсей таъсис меёбад. Раёсати донишгоҳ тасмим дорад, ки фаъолияти онро соли равон оғоз бахшад.

Гуфта мешавад, ки имрӯз,23 январ дар ҷаласаи васеи кории Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори донишгоҳ дар масъалаҳои муҳим, аз ҷумла фаъолияти қисми илмӣ, ташкили гурӯҳи корӣ вобаста ба санҷиши иқтидори илмии кафедраҳо, танзими назорати электронии раванди ҳозиршавӣ ба ҷойи кор, таҳияи лоиҳаи санадҳои заруриро ҷиҳати фаъолияти литсейи наздидонишгоҳӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Возможно, это изображение 9 человек, люди сидят, люди стоят и в помещении
Возможно, это изображение 5 человек, люди стоят, люди сидят и в помещении

Дар ин ҷаласа муовинони ректор, деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳои умумидонишгоҳӣ ҳузур доштаанд.

Ҳвамчунин, дар ҷаласа Аҳлиддин Ибодуллозода аз фаъолияти баъзе аз омӯзгорон, мудирони кафедраҳо ва деканони факултетҳо изҳори нигаронӣ намудаааст. Ӯ  иброз доштааст, ки бояд содиқона рисолати омӯзгории худро назди омӯзгорони оянда анҷом диҳанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.