Ҷаҳонгир Ортиқхуҷаев

Мирзиёев раиси шаҳри Тошкандро аз вазифа барканор кард

Раиси шаҳри Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхӯҷаев бо сабаби омодагии ғайриқаноатбахш ба мавсими зимистон аз вазифа озод карда шудааст.

Котиби матбуотии президенти Ӯзбекистон Шерзод Асадов ба расонаҳо гуфтааст, ки “дар ин бора рӯзи 16-уми январ дар ҷаласа оид ба чораҳои таъмин намудани захираҳои энергетикии аҳолӣ дар мавсими зимистон эълон карда шуд”.

Гуфта мешавад, ки дар ҷаласа роҳбарони ҳама сатҳҳои шаҳри Тошканд барои ба хунукиҳои зимистон тайёр набуданашон сахт танқид карда шудаанд. Президент аз ҷумла аз он изҳори норозигӣ кардааст, ки “нақшаи генералии пойтахт ханӯз тасдиқ карда нашудааст; шумораи объектҳои ғайриқонунӣ сохташуда аз 250 адад гузаштааст; ҳангоми додани иҷозат барои сохтмон ҳисобкунии аниқи сарбории инфрасохтори мавҷуда гузаронида намешавад; барои пешгирӣ кардани яхбандии озуқаворӣ дар бозорҳо ва баланд шудани нарх чораҳо дида нашудаанд”.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.