Моҳҷабин Давлатқадамова -“Донишҷӯи сол – 2025” аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон

Моҳҷабин Давлатқадамова, донишҷӯйи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар озмуни ҷумҳуриявии “Донишҷӯи сол – 2025” сазовори ҷойи аввал гардид.

Ин озмун бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон баргузор гардида, ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ, тақвияти ҳисси ватандӯстӣ ва таҳкими нерӯи зеҳнии насли ҷавон мебошад.

«Моҳҷабин бо дониш, ҷаҳонбинӣ ва фаъолияти намунавии худ миёни садҳо донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар пешсаф гардид. Ғолибон бо диплом, ҷом ва мукофотпулӣ қадрдонӣ шуданд», – иттилоъ доданд ба Pressa.tj аз донишгоҳи мазкур.

Бино ба иттилои манбаъ, ҳоло Моҳҷабин Давлатқадамова дар курси чоруми факултети сохтмон ва меъмории донишгоҳ таҳсил мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *