Оё Пантогам барои кӯдакон хатар дорад?

Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон овозаҳои паҳнгардида дар шабакаҳои иҷтимоиро оид ба гӯё зараровар будани доруи «Пантогам» (гопантеновая кислота) мавриди санҷиш ва таҳқиқ қарор дод.

Ба иттилои хадамот, доруи мазкур, ки аз ҷониби ширкати «Пик-Фарма Лек»-и Федератсияи Русия истеҳсол мешавад, дорои сертификати мутобиқат буда, солҳои зиёд дар бозори фарматсевтии Тоҷикистон истифода мешавад. То имрӯз нисбат ба сифати маҳсулоти ин ширкат ягон шикояти расмӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Пас аз паҳн шудани овозаҳо, аз анборҳои ширкатҳои воридкунанда намунаҳои дору гирифта шуда, дар озмоишгоҳҳо аз санҷишҳои такрории физикӣ ва химиявӣ гузаронида шуданд. Натиҷаҳо нишон доданд, ки ҳамаи силсилаҳои мавриди санҷиш қароргирифта ба талаботи стандартҳои муқарраршуда ҷавобгӯ мебошанд.

Ҳамчунин, сармутахассисони Вазорати тандурустӣ дар самтҳои бемориҳои асаби кӯдакона, эҳё ва токсикология робитаи фавти кӯдаконро бо истифодаи доруи «Пантогам», ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ зикр шудааст, беасос арзёбӣ намуданд. Тибқи маълумоти муассисаҳои тиббӣ, чунин ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта нашудаанд.

Дар ҷараёни санҷиш муайян гардид, ки як кӯдак бо нишонаҳои хоболудӣ, карахтӣ, беҳолӣ ва қайкунӣ ба беморхона оварда шуда, волидон эҳтимол додаанд, ки ҳолат ба истеъмоли «Пантогам» вобаста аст. Ба кӯдак ташхиси «энсефалопатияи токсикӣ бо алоими афсурдашавии системаи марказии асаб» гузошта шуда, айни замон ҳолаташ муътадил арзёбӣ мегардад.

Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ таъкид мекунад, ки тибқи дастурамали истифода, хоболудӣ ва беҳолӣ метавонанд ҳамчун таъсири фармакологии дору зоҳир шаванд, хусусан дар ҳолати аз меъёр зиёд истеъмол кардан ё якҷоя бо дигар доруҳои ноотропӣ.

Дар анҷом, хадамот аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки дар сурати ба миён омадани мушкилот вобаста ба доруворӣ ё хизматрасонии тиббӣ ба телефонҳои боварии +992-888-000-303, +992-931-119-191, +992-37-250-35-33  муроҷиат намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *