Ширкатҳои Қатар аз Тоҷикистон коргар меҷӯянд
Намояндагони 6 ширкати Қатар бо корҷӯёни тоҷик аз наздик вохӯрда, аз миёни онҳо коргар қабул мекунанд. Дар ин бора аз Агентии бо кор таъминкунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнати кишвар ба “Азия плюс” хабар дода, гуфтааст, ки маош аз 500 то 2000 доллар хоҳад буд.
Рӯзҳои 25, 26 ва 27-уми январ намояндаҳои ширкатҳои қатарӣ бо корҷӯёни тоҷик суҳбат мекунанд.
Қабули довталабон дар ин рӯзҳо аз соати 9:00 (рӯзи аввал соати 10:00) то 17:00 дар бинои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, воқеъ дар кӯчаи Алишер Навоӣ 5/2-и шаҳри Душанбе сурат хоҳад гирифт.
Ба гуфтаи манбаъ, ба ширкатҳои қатарӣ корманди сохтмон, ронандаи таксӣ, автобус ва мошини боркаш, пешхидмат, меҳмондор, ошпаз, фаррош, корманди фурудгоҳ, хазинадор, механик, дуредгар, кафшергар, корманди барқ ва роҳу нақлиёт лозим аст.
Талабот чунин аст:
– ҳозир шудан бо либоси расмӣ;
– дархост, аз ҷумла, шарҳи ҳоли худро то рӯзи 24-уми январ ба суроғаи Агентии бо кор таъминкунӣ дар хориҷа (бинои 80-и кӯчаи Лоҳутии шаҳри Душанбе) супоридан;
Барои дарёфти маълумоти бештар тариқи рақамҳои зерин тамос гирифта метавонед:
☎️ 221-39-67, 221-39-83, +992 55 555 1080, +992 987 906 666, +992 930 934 994.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ