Содир Ҷабборов: Қирғизистону Қазоқистон ихтилофи сиёсӣ надоранд

Миёни Қирғизистону Қазоқистон ихтилофи сиёсӣ вуҷуд надорад. Ду кишвар маҷмуи робитаҳои дуҷонибаро рушд медиҳанд.

Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон дар мулоқот бо ҳамтои қазоқистониаш Қосимҷомарт Тоқаев дар шаҳри Бишкек изҳори назар кард.

Ба гуфтаи Ҷабборов, дар 30 соли охир ду кишвар тавонистанд, ки ҳамкориҳоро ба сатҳи шарикии стратегӣ расонанд. Вай ҳамзамон даъват кард, ки Созишномаи дуҷониба дар бораи муносибатҳои иттифоқӣ «бо назардошти воқеиятҳои рӯз» таҷдид карда шавад.

Дар поёни сафари расмии Тоқаев ба Қирғизистон 13 санади ҳамкорӣ имзо шудааст. Тоқаев бо сафари расмӣ рӯзи 26-уми май вориди Қирғизистон шуд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.