“Соро компания” маротибаи шашум қаҳрамони футзали Тоҷикистон шуд

Дастаи “Соро компания”-и Душанбе дар бозии ҳалкунандаи силсилаи ниҳоӣ тими “Сипар”-и Хуҷандро шикаст дода, барои шашумин бор унвони қаҳрамонии Суперлигаи футзали Тоҷикистонро ба даст овард.

 Бозии 5-уми дастаҳо рӯзи 4-уми январ дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуда, вақти асосии он бо натиҷаи мусовӣ (1:1) поён ёфт ва дар вақти изофӣ ҳам ин натиҷа тағйир накард. Ҳамин тавр, бозӣ ба задани зарбаҳои 11-метра кашид ва дар силсилаи пеналтӣ “Соро компания” бо ҳисоби 5:4 пирӯз шуд.

“Сипар” баъди ин нокомӣ соҳиби медалҳои нуқра ва ҷои дуюм дар Суперлигаи футзал шуд.

Дар 4 рақобати қаблии дастаҳо дар доираи силсилабозиҳои ниҳоӣ ду бор шогирдони Пайрав Воҳидов ва ду маротиба шогирдони Сергей Коридзе ғалаба ба даст оварда буданд.

Пеш аз ин “Соро компания” дар солҳои 2018, 2019, 2021, 2022 ва 2024/25 қаҳрамони Суперлигаи футзали кишвар шуда буд.

Имсол медалҳои биринҷӣ ва зинаи сеюми мусобиқаро тими “Истиқлол”-и Душанбе соҳиб гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *