Наҷибуллоҳ – охирин талош, аммо дер ва нопурра

(Идомаи мақолаи Вақте ки ҳақиқат тир хӯрд)

Наҷиб, ки мехост бо шиори “Оштии миллӣ” ва “Ислоҳоти демократӣ” кишварро аз гирдоби хун наҷот диҳад, бори дигар ба хатои қадимӣ даст зад – миллатҳоро шинохт, вале дер. Тоҷиконро дид, вале пас аз он ки онҳо аллакай бо хун навишта буданд: мо вуҷуд дорем! Дастгоҳҳои амниятии ӯ пури тоҷикон буд, вале садои тоҷикӣ дар минбарҳои давлатӣ намеомад. Ҳарчанд худ шояд бохабар буд, ки решаи субот танҳо аз роҳи додани ҳуқуқ ва эътирофи ҳувият мегузарад.

Ӯ нисбати тоҷикон сиёсати Таракиро идома дод.

Чаро тоҷикон саркӯб шуданд?

1. Шӯравӣ аз эҳёи эҳсоси миллӣ метарсид.

Ба андешаи сиёсатмадорони кӯтоҳандеш ва таассубгарои замони Шӯравӣ, эҳёи эҳсоси миллӣ миёни тоҷикони Афғонистон метавонист ба эҳсоси ҳамбастагии фарҳангӣ бо Тоҷикистони Шӯравӣ мусоидат кунад. Ва ин, дар навбати худ, як пули сиёсӣ ва маънавӣ месохт, ки таркиши он метавонист сохтори Шӯравиро дар Осиёи Марказӣ зери суол гузорад. Барои ҳамин, аз аввали вуруд, тоҷикон дар зинаи раҳбарӣ ҷой надоштанд. Онҳо ҳамчун тарҷумон, корманди тиб ва фарҳанг қабул шуданд, аммо ба ҳайси шахсони таъсиргузор дар сиёсат не.

2. Пуштунҳо сари қудрат буданд ва шӯравиҳо намехостанд бо онҳо низоъ кунанд.

Аксари раҳбарони сиёсӣ, ҳарбӣ ва амниятии Афғонистон аз ҷумлаи пуштунҳо буданд. Онҳо бо неру ва таъсири таърихии худ дар давлат нақши асосӣ доштанд. Режими Шӯравӣ бо онҳо муросо мекард, ҳатто агар медонист, ки ин гурӯҳ сиёсати миллатгароёна ва фишори зеҳниро болои дигар миллатҳо, аз ҷумла тоҷикон роҳандозӣ мекунад. Барои Шӯравӣ устувории зоҳирии ҳукумати “дӯст” аз баробарии ҳақиқии шаҳрвандон муҳимтар буд.

3. Маслиҳатчиёни Шӯравӣ аз роҳбар будани тоҷикон ҳарос доштанд.

Онҳо медонистанд, ки тоҷикон аз замони қадим фарҳангсоз, илмпарвар ва неруи қалам дар даст буданд. Забон медонистанд, таърихро мефаҳмиданд, реша доштанд. Барои ҳамин, шӯравиҳо тоҷиконро дар нақшҳои “фаннӣ” қабул карданд – тарҷумон, пизишк, корманди фарҳанг. Аммо ҳеҷ гоҳ дар симати фармондеҳ, сиёсатмадор ё музокирачӣ эътироф накарданд. Чаро? Чун медонистанд: тоҷики соҳибҳуқуқ – андешаманд аст ва андешамандро идора кардан душвор аст.

Ва боз як ҳақиқат:

Афғонистон ҳамеша кишвари миллатҳо буд, на як миллат.

Кишваре, ки дар он ҳазора ҳаст, ӯзбек ҳаст, туркман ҳаст, қизилбош ҳаст, албатта тоҷик наметавонад бо сиёсати якмиллатӣ устувор монад.

Он касе, ки кӯшид бо як миллати танҳо онро идора кунад – суқут кард.

Он касе, ки кӯшид бо пуштибонии як неруи беруна миллатҳоро фаромӯш кунад – шикаст хӯрд.

Ва он касе, ки забони мардуми худро нодида гирифт, аввалин шуда овози маргро шунид.

Хулосаи таърих:

Афғонистон на ба туфайли идеология, балки ба туфайли шинохти миллатҳо ва эҳтиром ба онҳо метавонад пойдор бошад.

Он гоҳ ки фарҳанг таҳқир шавад, хатар аз берун не, аз дохил сар мезанад.

Тоҷикон, ки дар муқовимат чеҳраҳо, дар фарҳанг решаҳо ва дар зиндагӣ таърих доранд, набояд боз фаромӯш шаванд. Агар боз ҳам фаромӯш шаванд, шояд таърих дигар ин саҳфаро набахшад.

Сиёсати якмиллатӣ – роҳи суқут

Имрӯз “Толибон” ҳукумати худро бар пояи миллати пуштун ташкил додаанд. Аз сатҳи қарорҳои сиёсӣ то қудрати низомӣ, аксарият, агар нагӯем, ки ҳама миёни паштунҳоянд. Тоҷикон, ҳазораҳо, ӯзбекҳо, туркманҳо, аймоқҳо ва дигар миллатҳои кишвар аз равандҳои сиёсат ва идоракунӣ канор мондаанд.

Ин роҳ бори аввал нест, ки дар таърихи Афғонистон ҷой дорад, аз ҳукумати Абдурраҳмонхон, Таракӣ, ҳукмронии Амин ва ҳатто сиёсати нахустини шӯравӣ дар солҳои 1980 – ҳама зинаҳои таърихиеанд, ки ҳукумат фақат ба як қавм ё гурӯҳ такя кард ва натиҷаи он фоҷиа буд.

Пешгӯӣ:

– Агар “Толибон” ба ҳамгироии миллии воқеӣ нарасанд, мухолифати дохилӣ тақвият хоҳад ёфт.

– Ҷунбишҳои муқовимат, бахусус аз сӯи тоҷикон (Масъуди ҷавон ва дигар гурӯҳҳои мусаллаҳ), ба як шохаи пурқувват табдил меёбанд.

– Ихтилофоти дохилӣ дар худи ҳизби “Толибон” низ сар мезанад – зеро ҳама пуштунҳо ҳам яксон нестанд.

Зиндагии мардум – заминаи бефаровонии сиёсӣ

Ҳукумати “Толибон” дар солҳои 2021-2025 натавонист вазъи иқтисодиро беҳтар кунад. Афзоиши фақр, маҳдудияти ҳуқуқи занон, ихроҷи коршиносон ва баста шудани мактабҳо ҷомеаро зери як навъ фишори устувор қарор додааст. Ин фишор танҳо дар сурати тағйири сиёсати дохилӣ ва эътирофи ҳуқуқи ҳама гурӯҳҳо сабук мешавад.

Пешгӯӣ:

– Вазъи иқтисодӣ дар сурати баста боқӣ мондани кишвар аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ бадтар мешавад.

– Ҷараёни муҳоҷирати коршиносон, табибон, устодон ва занони фаъол идома меёбад.

– То фурсати охир ҳатто тарафдорони хомӯш низ метавонанд ба муқовимат пайванданд.

Сарнавишти тоҷикон дар Афғонистон – хатар ва умед

Тоҷикон пас аз паштунҳо калонтарин миллат дар Афғонистонанд. Дар баъзе ҳисобҳо ҳатто аз онҳо бештар. Онҳо дар минтақаҳои муҳими стратегӣ ва фарҳангӣ зиндагӣ доранд (Бадахшон, Панҷшер, Тахор, Кобул, Ҳирот).

Аммо:

Тоҷикон дар сохтори ҳукумати “Толибон” ҷой надоранд.

– Забони форсӣ дар корҳои давлатӣ, расонаҳо ва мактабҳо маҳдуд шудааст.

– Символҳо ва шахсиятҳои таърихии тоҷикон (мисли Аҳмадшоҳи Масъуд) мавриди таъқиб ва таҳқир қарор мегиранд.

Пешгӯӣ:

– Тоҷикон ё ба таъсиси як минтақаи мухтор ва худидорашаванда мекӯшанд, ё таҳти фишори густарда ба муқовимати мусаллаҳона рӯ меоранд.

– Агар “Толибон” сиёсати худро тағйир надиҳанд, як “давлати миллӣ” дар дохили Афғонистон ба вуҷуд меояд – ба монанди ҳукумати мухолифи онҳо дар Шимол.

Ояндаи “Толибон”

Агар таърих сабақ диҳад, “Толибон” ё маҷбур мешаванд тавсеаи сиёсиро ба роҳ монанд, тамоми миллатҳоро эътироф кунанд ва ҳукумати фарогир ташкил диҳанд, ё мисли ҳамаи ҳукуматҳои якҷониба – фурӯ мерезанд.

Афғонистон дар тӯли таърих зери ҳузури як миллат зинда намондааст – балки бо таҳаммул, эътироф ва тақсими қудрат пойдор будааст.

Бо тоҷикон – барои тоҷикон

(Аз суханони Муродуллоҳ Шерализода, сармуҳаррири “Садои мардум”)

Боре ба дафтари кори Шерализода даромадам. Мақолаеро дар бораи ҳувияти миллии тоҷикон, ки муаллифи беруна навишта буд, барои тасдиқ назди ӯ овардам. Ӯ, бо одати маъмулиаш, оромона мутолиа кард. Лаҳзае пас сар боло кард, ба ман нигаристу бо шеваи хоси худ гуфт:

– Афсонаву фаҳмиш! Ин аст ҳақиқати бедоркунанда. Ҳаминро дар охири китобат бигузор.

Сипас, бо садои сукутшикан, ки бештар ба сухани як наҷотбахш мемонд, илова кард:

– Тоҷикистони имрӯз – меваи талхи таърих, вале неъмати ширини истиқлол аст.

Вале ин истиқлолро мо танҳо барои худ нагирифтаем. Ин истиқлол масъулиятест – барои онҳое, ки тоҷиканд, вале наметавонанд бигӯянд. Барои онҳое, ки забон доранд, аммо забонашон баста аст. Барои онҳое, ки таърих доранд, вале китобе надоранд, ки онро бихонанд.

Ман борҳо гуфтаам: тоҷикони Афғонистон танҳо як бахши ҷудошуда нестанд – онҳо идомаи нафаси моянд. Ва чун нафаси худро буридем, зинда намемонем.

Агар тоҷик бо тоҷик нанишинад – дигарон аз номи ҳарду менависанд.

Агар тоҷик ба тоҷик нарасад – касе роҳи миёни онҳо намесозад.

Агар тоҷик дарди тоҷикро нафаҳмад – миллат дигар миллат намемонад.

Ман аз Панҷшер то Кобул, аз Қундуз то Душанбе як чизро эҳсос мекардам: тоҷик дар ҳар куҷо як гуфтор дорад, вале садояш парешон аст. Ва ҳамин парешонӣ, ҳамин хомӯшӣ имрӯз бузургтарин душмани мост.

Биёед дар ин китоб, дар ин таърих, дар ин суҳбат якдигарро биёбем.

То забони ҳамдигарро бифаҳмем.

То шеъри якдигарро бихонем.

То фарзандонамон якдигарро фаромӯш накунанд.

Ва ҳамеша дар ёд дошта бошем:

Тоҷикон, ки фаромӯш шуданд – таърих хамӯш шуд.

Тоҷикон, ки бедор шуданд – миллат нур дид.

Он рӯз ман аз дафтари Шерализода бо як матни тасдиқшуда набаромадам.

Ман бо як васият баргаштам…

Шариф Ҳамдампур

(Давом дорад)

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *